2 ба шумо раҳму шафқат, осоиштагӣ ва муҳаббати бештару бештар орзумандам!
2 Марҳамат ва осоиштагӣ ва муҳаббат бар шумо фаровон бод.
Ман ин номаро ба ҳамаи шумо – имондорони шаҳри Рум, менависам, ки Худо шуморо дӯст доштааст ва даъват намудааст, ки халқи поки Ӯ бошед. Ман аз ҷониби Падарамон Худо ва аз Худованд Исои Масеҳ ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагӣ хоҳонам!
Бар ҳамаи онҳое, ки аз рӯйи ҳамин гуфтаҳо зиндагӣ мекунанд ва халқи ҳақиқии Худо мебошанд, осоиштагӣ ва раҳму шафқати Худо бод!
Ман ба ту, ки фарзанди ҳақиқиам дар имон ҳастӣ, файзу меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонам!
Худо Падар шуморо аз қадим мувофиқи пешбинии Худ интихоб намудааст. Инчунин Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо шуморо аз ҷаҳон ҷудо карда, муқаддас намудааст, то ки ба Исои Масеҳ итоат кунед ва ба воситаи хуни Ӯ аз гуноҳҳоятон пок шавед. Бигзор дар ҳаётатон файзу меҳрубонӣ ва осоиштагии Худо зиёд гардад!
Бигзор ба воситаи шинохтани Худо ва Худованди мо Исо файзу меҳрубонӣ ва осоиштагии Худо дар зиндагиатон зиёд гардад!