Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Филемӯн* 1:9 - Китоби Муқаддас Оммафаҳм

9 лекин баҳри муҳаббати мо хостам ҳамчун Павлуси пир ва акнун зиндонӣ ба хотири Исои Масеҳ, аз ту хоҳиш кунам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Аммо бештар аз рӯи муҳаббат хоҳиш менамоям, — гарчанде ки ман Павлуси пиронсол ва алҳол бандаи Исои Масеҳ низ ҳастам, —

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Филемӯн* 1:9
17 Iomraidhean Croise  

Бинобар ин, эй бародарону хоҳарон, ба хотири меҳрубонии Худо аз шумо илтимос мекунам, ки баданҳои худро ба мисли қурбонии зинда, пок ва писандида ба Худо бахшед. Зеро парастиши ҳақиқии шумо чунин аст.


Мо намояндагони Масеҳ ҳастем ва Худо ба воситаи мо ба одамон муроҷиат мекунад. Аз ин рӯ мо аз номи Масеҳ аз шумо илтиҷо мекунем, ки дигар ҳамчун душманони Худо зиндагӣ накарда, бо Ӯ оштӣ шавед.


Худо аз рӯйи файзу меҳрубониаш шуморо наҷот додааст. Ҳоло ҳамчун ҳамкорони Худо мо аз шумо илтиҷо мекунем, ки ин наҷотро зери по карда бефоида накунед.


Охир ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ фарзандони Худо шудаед.


Ана барои ҳамин ман, Павлус, ки баҳри шумо, ғайрияҳудиён, ҳамчун хизматгузори Исои Масеҳ дар зиндон мебошам, ба Худо дуо мекунам.


Пас ман, ки ба хотири Худованд зиндонӣ гаштаам, аз шумо илтимос мекунам, ки муносиби мақоме, ки Худо шуморо барояш даъват кардааст, зиндагӣ кунед.


Ман ҳатто дар зиндон ҳамчун намояндаи Масеҳ хушхабарро паҳн мекунам. Пас, дуо кунед, ки ман ин хушхабарро ҳамон тавр ки бояд эълон шавад, далерона эълон кунам.


Аз Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба ман қувват додааст, миннатдорам. Ӯ маро шахси вафодор ҳисобида, барои хизмати эълони хушхабар таъйин кард.


Ба мӯйсафедон таълим деҳ, ки ҳушёр, сазовори ҳурмат ва боандеша бошанд. Инчунин ҳамеша имону муҳаббат ва сабрашонро нишон диҳанд.


Аз ҳама бештар илтимос дорам, дуо кунед, ки Худо ҳарчи зудтар маро ба назди шумо баргардонад.


Азизон, аз шумо чун аз мусофиру ғарибон талаб мекунам, ки аз ҳавасҳои ҷисм дур шавед, чунки онҳо ҳамеша бар зидди ҷони шумо меҷанганд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan