Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Филемӯн* 1:6 - Китоби Муқаддас Оммафаҳм

6 Бигзор имони ту, ки дар бародарӣ дида мешавад, фаҳмиши туро дар бораи ҳама баракатҳое, ки дар Масеҳ дорӣ, афзун намояд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Дуои ман ин аст, ки муоширати имони ту чунон таъсирбахш бошад, ки беҳтар бидонӣ ҳар некие ки дар мо барои Исои Масеҳ мебошад, чист.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Филемӯн* 1:6
18 Iomraidhean Croise  

Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, зуд онро истифода бурда, аз он панҷ ҳазори дигар фоида гирифт.


Пас, бигзор нури шумо ҳам ба одамон рӯшноӣ диҳад, то ки онҳо корҳои неки шуморо дида, ба Падаратон, ки дар осмон аст, ҳамду сано гӯянд.


Ба ин восита сирру асрори дилаш ошкор мешавад. Ӯ рӯ ба замин афтода, Худоро парастиш мекунад ва эътироф менамояд, ки ба ростӣ, Худо дар байни шумо аст.


чунки дар ин ҷо барои хизмати босамар тамоми имкониятҳо фароҳам аст. Аммо дар ҳамин ҷо ҳам муқобилони бисёр ҳастанд.


Хуллас, бародарону хоҳарон, дар бораи чизҳое фикр кунед, ки росту шоиста, поку дуруст, хушоянду лоиқи таъриф ва мувофиқи одобу сазовори ситоиш бошад.


Бино бар ин, аз рӯзе, ки дар бораи шумо шунидем, доимо бароятон дуо карда, аз Худо металабем, ки ба шумо бо Рӯҳаш тамоми хираду дониш бахшида, ба ҳамин восита хосташро бароятон пурра маълум гардонад.


табиати навро дар бар кардаед. Ин табиати нави шумо ба симои Офарандааш барқарор шудан мегирад, то ки шумо ҳақиқатан Худоро шиносед.


Бигзор имондорони Крит ба корҳои нек дода шуданро ёд гиранд, то дар муҳтоҷии дигарон ёрӣ расонанду бесамар набошанд.


Зеро Худо беинсоф нест, ки амали шумо ва муҳаббатеро, ки ба хотири номи Ӯ дар роҳи хизмат ба халқи Худо нишон додаед ва нишон медиҳед, фаромӯш кунад.


Инак, эй бародарону хоҳаронам, чӣ фоида аст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, аммо амал накунад? Магар чунин имон вайро наҷот дода метавонад?


Имон ҳам агар беамал бошад, имони мурда аст.


Бигзор рафтори шумо дар байни беимонон беайб ва бенуқсон бошад. Он гоҳ одамоне, ки ҳоло шуморо шахсони бадрафтор гуфта, туҳмат мекунанд, корҳои некатонро дида, он рӯзе, ки Худо меояд, ба Ӯ ҳамду сано мехонанд.


Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат кунед. Он гоҳ ҳатто шавҳароне, ки хушхабарро рад мекунанд, рафтори хуб ва ҳаёти поку худотарсонаи шуморо дида, бе ягон сухан ба Худо имон меоранд.


Вале бо эҳтирому хоксорӣ ҷавоб диҳеду виҷдонатонро пок нигоҳ доред. Ҳамин тавр, онҳое, ки бо вуҷуди дидани рафтори некатон шуморо ҳамчун пайравони Масеҳ туҳмату ҳақорат мекунанд, аз гапҳои худ шарманда хоҳанд шуд.


Агар чунин сифатҳо дошта бошед ва онҳоро дар худ инкишоф диҳед, шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ ба шумо бемуваффақияту бесамар намешавад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan