Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Филемӯн* 1:1 - Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Салом Филемӯни азиз, дӯст ва ҳамкори мо! Ман, Павлус, ки ба хотири Исои Масеҳ зиндонӣ ҳастам, ҳамроҳи бародари мо Тимотиюс ба ту

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Павлус, бандаи Исои Масеҳ, ва Тимотиюси бародар, ба Филемӯни маҳбуб ва ҳамкори мо,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Филемӯн* 1:1
18 Iomraidhean Croise  

Павлус ба шаҳри Дарба расид ва аз он ҷо ба шаҳри Лустра рафт. Дар он ҷо Тимотиюс ном шогирди Исо зиндагӣ мекард. Модараш яҳудии имондор, аммо падараш юнонӣ буд.


Мо ҳамкорони Худо ҳастем ва шумо киштзори Ӯ ҳастед. Ҳамчунин шумо иморате ҳастед, ки Худо онро месозад.


Салом ба аҳли ҷамоати имондорони Худо дар шаҳри Қуринтус ва ба тамоми халқи Ӯ, ки дар вилояти Охоия зиндагӣ мекунанд! Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ таъйин шудаам ва бародари мо Тимотиюс


Охир ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ фарзандони Худо шудаед.


Ана барои ҳамин ман, Павлус, ки баҳри шумо, ғайрияҳудиён, ҳамчун хизматгузори Исои Масеҳ дар зиндон мебошам, ба Худо дуо мекунам.


Пас ман, ки ба хотири Худованд зиндонӣ гаштаам, аз шумо илтимос мекунам, ки муносиби мақоме, ки Худо шуморо барояш даъват кардааст, зиндагӣ кунед.


Ман ҳатто дар зиндон ҳамчун намояндаи Масеҳ хушхабарро паҳн мекунам. Пас, дуо кунед, ки ман ин хушхабарро ҳамон тавр ки бояд эълон шавад, далерона эълон кунам.


Салом ба ҳамаи онҳое ки аз они Исои Масеҳ ҳастанд ва ба сардорону хизматчиёни ҷамоат, ки дар шаҳри Филиппӣ мебошанд! Мо, Павлусу Тимотиюс, ки хизматгорони Исои Масеҳ ҳастем,


Ҳоло зарур донистам, ки ҳамкору ҳамсаф ва бародарам Эпафрудитусро, ки ҳангоми муҳтоҷ буданам ба хизматам фиристода будед, баргардонда ба назди шумо фиристам.


Бале, ҳамкори вафодорам, аз ту низ хоҳиш мекунам, ки ба ин занон ёрӣ диҳӣ. Онҳо дар баробари ман, Климентус ва ҳамкорони дигарам, ки номҳояшон дар китоби ҳаёт аст, барои паҳн кардани хушхабар заҳмати зиёд кашиданд.


Салом ба халқи Худо ва бародарону хоҳарони вафодор дар Масеҳ, ки дар шаҳри Кулассо ҳастед! Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ интихоб шудаам ва бародари мо, Тимотиюс ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худоро хоҳонем.


Юшаъ низ, ки ӯро боз Юстус меноманд, ба шумо салом мерасонад. Аз байни ҳамкоронам фақат ҳамин нафарон аз ҷумлаи яҳудиён ҳастанд, ки барои Подшоҳии Худо хизмат мекунанду бароям роҳати ҷон шудаанд.


вале ба назди шумо ба шаҳри Тасолуникӣ Тимотиюсро фиристем. Ҳамон Тимотиюсро, ки бародари мо буда, дар эълон кардани хушхабари Масеҳ хизматгори Худо мебошад. Хостем, ки ӯ шуморо дар имонатон устувор ва боқувват гардонад,


Салом ба ҷамоати имондорони шаҳри Тасолуникӣ, ки аз они Худо Падари мо ва Худованд Исои Масеҳ аст!


Барои ҳамин аз шаҳодат додан дар бораи Худовандамон Исои Масеҳ шарм надор. Инчунин аз ман, ки ба хотири Исои Масеҳ зиндонӣ шудаам, шарм надор. Балки ба қуввати Худо такя карда, ба хотири хушхабар ҳамроҳи ман ба азобҳо тайёр бош.


Эпафрос, ки ба хотири Исои Масеҳ бо ман зиндонӣ аст, ба ту салом мерасонад.


Инчунин салом ба ту аз ҳамкоронам Марқӯс, Аристархус, Димос ва Луқо.


лекин баҳри муҳаббати мо хостам ҳамчун Павлуси пир ва акнун зиндонӣ ба хотири Исои Масеҳ, аз ту хоҳиш кунам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan