9 Ва Худо ба Юнус гуфт: «Оё хуб аст, ки барои канадона дар қаҳр шавӣ?» Вай гуфт: «Хуб аст, ки то ба дараҷаи марг дар қаҳр шавам».
Ва Аҳъоб аз сухане ки Нобӯти изреъилӣ ба ӯ гуфт, ғамгин ва музтариб гардида, ба хонаи худ омад, зеро ки вай гуфт: «Мероси падаронамро ба ту нахоҳам дод». Ва ӯ бар бистари худ хобида, рӯи худро гардонид, ва хӯроке нахӯрд.
Эй, ки ҷони худро дар ғазаби худ медарӣ! Наход ки барои ту замин хароб шавад, ва кӯҳпора аз ҷояш кӯч кунад?
Барҳазар бош, ки мабодо ғазабат туро фирефта намуда, ба зарбаи Ӯ гирифтор кунад: ва кафорати бисьёр набояд туро дар иштибоҳ андозад.
Зеро ки хашм беақлро мекушад, ва ҳасад соддалавҳро ба ҳалокат мерасонад.
Юнус хеле маҳзун шуд, ва қаҳраш омад,
Он гоҳ Худованд гуфт: «Ту канадонаро дареғ медорӣ, ки барои он меҳнат накардаӣ ва онро нарӯёнидаӣ, ки он дар як шаб пайдо шуд ва дар як шаб нобуд шуд:
Вақте ки офтоб баромад, Худо боди шарқии тафсоне вазонид, ва офтоб сари Юнусро зад, ва ӯ беҳол шуд ва ба худ марг талабида, гуфт: «Мурданам аз зистанам беҳтар аст».
Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бо Ман бедор бошед».
Зеро ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад.
Дар он айём одамон толиби марг хоҳанд шуд, вале онро наҳоҳанд ёфт; мурданро орзу хоҳанд кард, вале мамот аз онҳо хоҳад гурехт.
Ва азбаски вай ӯро ҳар рӯз бо суханони худ фишор дода, зиқ мекард, ӯ аз ҷони худ безор шуд,