Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Юнус 4:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Вақте ки офтоб баромад, Худо боди шарқии тафсоне вазонид, ва офтоб сари Юнусро зад, ва ӯ беҳол шуд ва ба худ марг талабида, гуфт: «Мурданам аз зистанам беҳтар аст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Юнус 4:8
23 Iomraidhean Croise  

Ва инак, ҳафт хӯшаи холӣ ва аз боди шарқӣ хушкшуда аз паи онҳо рӯиданд.


Ва худаш дар биёбон роҳи якрӯзаро тай намуд, ва омада, зери дарахти ратам нишаст, ва ба ҷони худ маргро хоста, гуфт: «Бас аст! Алҳол, эй Худованд, ҷони маро бигир, зеро ки ман аз падарони худ беҳтар нестам».


Ва Аҳъоб аз сухане ки Нобӯти изреъилӣ ба ӯ гуфт, ғамгин ва музтариб гардида, ба хонаи худ омад, зеро ки вай гуфт: «Мероси падаронамро ба ту нахоҳам дод». Ва ӯ бар бистари худ хобида, рӯи худро гардонид, ва хӯроке нахӯрд.


Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард.


Ва он гоҳ ҷони ман хафақонро, яъне маргро аз ин устухонҳои ман афзал медонад.


Барои Ерусалим сулҳу осоиштагӣ талаб кунед: бигзор дӯстдорони ту некрӯз бошанд!


Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст.


Дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун, чунки хашм дар синаи аблаҳон қарор меёбад.


Ба он нигоҳ накунед, ки ман сиёҳтоб ҳастам, зеро ки офтоб маро сӯзонд: писарони модарам ба ман хашм гирифтанд, маро дидбони токзорҳо карданд; лекин токзори худро натавонистам дидбонӣ намоям.


Гурусна ва ташна нахоҳанд монд, ва гармо ва офтоб онҳоро нахоҳад сӯзонид, зеро ки Раҳмхӯрашон онҳоро ҳидоят хоҳад намуд, ва назди чашмаҳои об онҳоро хоҳад бурд.


Вале бо ғазаб решакан карда бар замин андохта шуд, ва боди шарқӣ онро хушконид; шохаҳои бақуввати он шикаста, хушк шуд, ва оташ онҳоро сӯзонид.


Агарчи ӯ дар миёни найзор мева медод, боди шарқӣ хоҳад вазид, яъне боди Худованд аз биёбон баланд хоҳад шуд, — ва манбаи ӯ хоҳад хушкид, ва сарчашмаи ӯ валангор хоҳад гардид; вай ганҷинаи тамоми асбоби гаронбаҳоро тороҷ хоҳад кард.


Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин аст он чи Худованд сухан ронда, гуфтааст: „Ба воситаи наздиконам қудсияти Худро зоҳир хоҳам сохт, ва дар назари тамоми қавм ҷалол хоҳам ёфт“». Ва Ҳорун хомӯш монд.


Вале Худованд боди тунде бар баҳр бархезонд, ва тӯфони бузурге дар баҳр ба амал омад, ва киштӣ ба шикастан наздик буд.


Ва акнун, эй Худованд, ҷони маро аз ман бигир, зеро ки мурданам аз зистанам беҳтар аст».


Ва Худо ба Юнус гуфт: «Оё хуб аст, ки барои канадона дар қаҳр шавӣ?» Вай гуфт: «Хуб аст, ки то ба дараҷаи марг дар қаҳр шавам».


Гуфтанд: „Ин охиромадагон як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузарондем, баробар донистӣ“.


Ҳар киро Ман дӯст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас ғаюр бош ва тавба кун.


Онҳо дигар гурусна ва ташна нахоҳанд монд, ва онҳоро офтоб ва ҳеҷ гармо нахоҳад сӯзонд:


Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan