Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Юнус 4:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва Юнус аз шаҳр баромада, аз тарафи шарқии шаҳр нишаст, ва дар он ҷо барои худ хаймае сохта, зери он дар соя нишаст, то бубинад, ки дар шаҳр чӣ воқеа мешавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Юнус 4:5
10 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки Ильёс инро шунид, рӯи худро бо ридои худ пӯшонида, берун омад ва дар даҳани мағора истод. Ва инак, овозе ба ӯ муроҷиат намуда, гуфт: «Эй Ильёс, туро дар ин ҷо чӣ кор аст?»


Ва дар он ҷо ба мағорае даромад, ва шабро дар он гузаронид. Ва инак, каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Ильёс, туро дар ин ҷо чӣ кор аст?»


Барои гуноҳи тамаъкории ӯ Ман ба хашм омада, ӯро зарба задам, рӯи Худро пинҳон доштам ва ғазаб намудам, вале ӯ густохона бо роҳи дили худ рафтан гирифт.


Ва ман ба дили худ гуфтам: «Дигар Ӯро зикр нахоҳам кард, ва дигар ба исми Ӯ сухан нахоҳам ронд». Вале он дар дили ман мисли оташи фурӯзон буд, ки дар устухонҳоям ҷойгир шудааст, ва ман онро боздошта, хаста гардидаам, ва натавонистам.


Ва маллоҳон ба ҳарос афтода, ҳар яке ба худои худ истиғоса менамуданд, ва асбобу анҷомеро, ки дар киштӣ буд, дар баҳр мепартофтанд, то ки бори худро сабук кунанд; аммо Юнус ба таҳхонаи сафина фуромада, дароз кашид, ва хоби сахташ бурд.


Ва Худованд гуфт: «Оё хуб аст, ки дар қаҳр шавӣ?»


Ва Худованд Худо канадонае рӯёнид, ва он ба болои Юнус қад кашид, то ки бар сари ӯ соя афканда, ӯро аз маҳзунияш раҳо кунад; ва Юнус аз канадона бисьёр шод шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan