Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Юнус 4:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва сӯи Худованд дуо кард ва гуфт: «Эй Худованд! Оё сухани ман ҳамин набуд, вақте ки ҳанӯз дар диёри худ будам? Барои ҳамин ҳам ба гурехтан ба Таршиш шитоб кардам, зеро медонистам, ки Ту Худои бахшанда ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва аз офат пушаймон мешавӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Юнус 4:2
24 Iomraidhean Croise  

Ва худаш дар биёбон роҳи якрӯзаро тай намуд, ва омада, зери дарахти ратам нишаст, ва ба ҷони худ маргро хоста, гуфт: «Бас аст! Алҳол, эй Худованд, ҷони маро бигир, зеро ки ман аз падарони худ беҳтар нестам».


Кӯҳҳо боло мераванд, водиҳо поён мефуроянд, ба мақоме ки барояшон буньёд кардаӣ.


Худованд чашми кӯронро мекушояд; Худованд хамидақоматонро рост мегардонад; Худованд одилонро дӯст медорад.


Вале дар ҳаққи Сион гуфта хоҳад шуд: «Фалон одам ва фалон одам дар он таваллуд шудааст; ва Худи Ҳаққи Таоло онро барпо кардааст».


Бар шер ва мори айнакдор пой хоҳӣ монд; шери ҷавон ва тимсоҳро поймол хоҳӣ кард.


Ва Худованд он бадиро, ки гуфта буд, ки ба сари қавми Худ хоҳад овард, ботил намуд.


Валекин агар халқе ки дар бораи онҳо ин суханро гуфтаам, аз шарорати худ тавба кунанд, Ман он мусибатеро, ки азм доштам бар онҳо оварам, ботил хоҳам кард.


Худовандо, Ту маро саргарм кардӣ, ва ман саргарм шудам; Ту аз ман пурзӯртарӣ — ва ғолиб омадӣ; ман тамоми рӯз хандахариш гардидам: ҳар кӣ маро тамасхур мекунад.


Ва акнун роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед ва овози Худованд Худои худро бишнавед, ва он гоҳ Худованд аз мусибате ки дар бораи шумо фармудааст, пушаймон хоҳад шуд.


Агар шумо дар ин замин бимонед, Ман шуморо бино намуда, хароб нахоҳам кард, ва шуморо мисли ниҳоле шинонда, решакан нахоҳам кард, зеро аз мусибате ки бар шумо овардам, таассуф менамоям.


Худованд аз ин пушаймон гардид. «Ин тавр нахоҳад шуд!» — гуфт Худованд.


Худованд аз ин пушаймон гардид. «Ин тавр низ нахоҳад шуд!» — гуфт Худованд Худо.


Ва Юнус бархост, то ки аз пеши Худованд ба Таршиш бигрезад; ва ба Ёфӯ омада, киштие ёфт, ки ба Таршиш рафтанӣ буд, ва киропулии онро дода, савор шуд, то ки ҳамроҳи онҳо аз пеши Худованд ба Таршиш биравад.


Ва Худо аъмоли онҳоро дид, ки аз роҳи бади худ тавба кардаанд; ва Худо аз он офате ки гуфта буд ба онҳо бирасонад, пушаймон шуд, ва нарасонд.


Шояд, Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем».


Кист Худое мисли Ту, ки гуноҳро омурзад ва аз ҷинояти бақияи мероси Худ гузароӣ кунад? Ӯ ғазаби Худро то абад нигоҳ намедорад, зеро ки марҳаматро дӯст медорад.


Вале вай, ки меҳост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?»


Зеро ки Худованд Худои ту Худои раҳим аст; Ӯ туро тарк нахоҳад кард ва туро ба ҳалокат нахоҳад расонид, ва аҳди падаронатро, ки ба онҳо қасам хӯрдааст, фаромӯш нахоҳад кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan