Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Юнус 3:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Шояд, Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Юнус 3:9
14 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ гуфт: «То даме ки бача зинда буд, ман рӯза дошта гирья кардам, зеро ки ба дили худ гуфтам: „Шояд, Худованд ба ман марҳамат намояд, ва бача зинда монад“.


Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ҳар рӯз сӯи Ту мехонам.


Бар шер ва мори айнакдор пой хоҳӣ монд; шери ҷавон ва тимсоҳро поймол хоҳӣ кард.


Ва акнун роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед ва овози Худованд Худои худро бишнавед, ва он гоҳ Худованд аз мусибате ки дар бораи шумо фармудааст, пушаймон хоҳад шуд.


Подшоҳ ба сухан оғоз намуд ва гуфт: «Ин, охир, Бобили бузург аст, ки ман онро барои хонаи салтанат бо тавоноии қудрати худ ва ба шарафи ҷалоли худ бино кардаам!»


Аз бадӣ нафрат кунед ва некиро дӯст доред, ва инсофро дар маҳкама аз нав барқарор намоед; шояд Худованд Худои лашкарҳо бар бақияи Юсуф марҳамат кунад.


Ва Юнусро бардошта, дар баҳр андохтанд; ва баҳр аз талотумаш бозистод.


Ва сардори киштӣ назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Туро чӣ шудааст, ки хобидаӣ? Бархез, Худои худро бихон; шояд, Худо моро ёд кунад, ва мо ба ҳалокат нарасем».


Ва сӯи Худованд дуо кард ва гуфт: «Эй Худованд! Оё сухани ман ҳамин набуд, вақте ки ҳанӯз дар диёри худ будам? Барои ҳамин ҳам ба гурехтан ба Таршиш шитоб кардам, зеро медонистам, ки Ту Худои бахшанда ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва аз офат пушаймон мешавӣ.


Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин, ки аҳкоми Ӯро ба ҷо меоваред; адолатро биталабед, фурӯтаниро биталабед, — шояд, ки дар рӯзи хашми Худованд тавонед пинҳон шавед.


Пас, суратҳои обилаҳои худ ва суратҳои мушҳои худро, ки заминро валангор мекунанд, бисозед, ва Худои Исроилро ҷалол диҳед; шояд Ӯ дасти Худро бар шумо ва бар худоёни шумо ва бар замини шумо нарм созад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan