Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Юнус 3:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва одамон ва ҳайвонот палоспӯш шаванд, ва бошиддат сӯи Худо бихонанд, ва ҳар кас аз роҳи бади худ ва аз зулми дастҳои худ тавба кунад;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Юнус 3:8
23 Iomraidhean Croise  

Гарчанде ки ҳеҷ ситаме дар дасти ман нест, ва дуои ман нок аст.


Ва гӯшашонро барои панд мекушояд, ва ба онҳо мегӯяд, ки аз хабосат даст кашанд.


Охир, рӯзае ки гузидаи Ман бошад, чунин аст: завлонаҳои шароратро бикшо, гиреҳҳои юғро воз кун, ва мазлумонро озод намо, ва ҳар юғро бишкан;


Тори анкабӯти онҳо барои либос кор намеояд, ва онҳо худро бо самари аъмолашон наметавонанд пӯшонанд; аъмоли онҳо аъмоли ҷафост, ва кори ситам дар дасти онҳост.


Ва акнун ту ба мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим муроҷиат намуда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате барои шумо муҳайё менамоям, ва қасде ба муқобили шумо дорам; пас шумо ҳар яке аз роҳи бади худ баргардед, ва роҳҳо ва аъмоли худро ислоҳ намоед“.


Он чиро, ки ба шумо гуфта шуд: „Ҳар яке аз роҳи бади худ ва аз аъмоли шариронаи худ баргардед, ва ба замине ки Худованд ба шумо ва падаронатон аз азал то абад додааст, сукунат кунед;


Шояд онҳо бишнаванд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва он гоҳ Ман мусибатеро, ки мехоҳам бар онҳо барои аъмоли бадашон биёрам, ботил хоҳам кард.


Шояд, хонадони Яҳудо тамоми мусибатеро, ки Ман мехоҳам бар онҳо оварам, бишнаванд, то ки ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва Ман маъсият ва гуноҳи онҳоро биомурзам».


Ба онҳо бигӯй: „ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, Ман мурдани шарирро хоҳон нестам, балки онро, ки шарир аз роҳи худ тавба карда, зинда монад. Аз роҳҳои бади худ тавба кунед, тавба кунед, эй хонадони Исроил! Пас чаро бимиред?“


Подшоҳ ба сухан оғоз намуд ва гуфт: «Ин, охир, Бобили бузург аст, ки ман онро барои хонаи салтанат бо тавоноии қудрати худ ва ба шарафи ҷалоли худ бино кардаам!»


Рӯза эълон кунед, маҷлис даъват намоед, пирон ва ҳамаи сокинони ин заминро ба хонаи Худованд Худои худ ҷамъ оваред, ва сӯи Худованд истиғоса баред.


Он гоҳ сӯи Худованд нидо карда, гуфтанд: «Лутфан, эй Худованд, аз боиси ҷони ин одам ба ҳалокат нарасем, ва хуни бегуноҳро ба гардани мо намон; зеро ки Ту, эй Худованд, он чи бихостӣ, бикардӣ».


Ва сардори киштӣ назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Туро чӣ шудааст, ки хобидаӣ? Бархез, Худои худро бихон; шояд, Худо моро ёд кунад, ва мо ба ҳалокат нарасем».


Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад,


Балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Ерусалим ва тамоми сарзамини Яҳудо ва низ ба ғайрияҳудиён мавъиза менамудам, ки тавба карда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад.


Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад,


Ва ба ду шоҳиди Худ қудрате ато ҳоҳам кард, ва онҳо ҳазору дусаду шаст рӯз нубувват ҳоҳанд намуд, дар ҳолате ки палос дар бар карда бошанд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan