Ва ҳамаи ҳокимони баҳр аз тахтҳои худ фурӯд хоҳанд омад, ва ҷомаҳои зебои худро дур хоҳанд кард, ва либосҳои гулдӯзии худро хоҳанд кашид; тарсу бим дар бар хоҳанд кард, бар замин хоҳанд нишаст, ва ҳар лаҳза хоҳанд ларзид, ва аз боиси ту моту мабҳут хоҳанд шуд;
«Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт‐Сайдо! Зеро агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;
Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт‐Сайдо! Эеро, агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;