Ва дар он ҷо, назди наҳри Аҳаво, ман рӯзадорӣ эълон кардам, то ки дар ҳузури Худои мо тавозӯъ намуда, аз Ӯ барои худамон ва барои кӯдаконамон ва барои тамоми молу мулкамон роҳи рост талаб кунем,
Ва Мордахай аз он чи воқеъ шуда буд, огоҳӣ ёфт, ва Мордахай либоси худро чок зада, палос ва хокистар дар бар кард, ва андаруни шаҳр рафта, фиғони азим ва талхе баровард.
Ва амр фармуд, ки дар Нинве аз номи подшоҳ ва акобири вай ҷор зада, гӯянд, ки «одамон ва ҳайвонот, говон ва гӯсфандон чизе нахӯранд, ба чарогоҳ нараванд ва об нанӯшанд;