Ва аз фароизи Ӯ, ва аз аҳде ки Ӯ бо падаронашон баста буд, ва аз шаҳодоте ки Ӯ ба онҳо дода буд, нафрат карданд, ва аз паи чизҳои ҳеҷу пуч рафта, худашон ҳеҷу пуч шуданд, ва низ аз паи халқҳое ки дар гирду пешашон буданд, ва Худованд ба онҳо амр фармуда буд, ки мисли онҳо амал накунанд;
«Худовандо! Ту қуввати ман ва муттакои ман ва паноҳгоҳи ман дар рӯзи тангӣ ҳастӣ! Назди Ту халқҳо аз ақсои замин омада, хоҳанд гуфт: „Падарони мо фақат чизҳои дурӯғ ва ҳеҷу пучро, ки манфиате аз онҳо нест, мерос гирифтаанд“.