3 Ва гуфт: «Дар тангии худ сӯи Худованд хондам, ва маро иҷобат намуд; аз батни дӯзах истиғоса бурдам, ва Ту овози маро шунидӣ.
Вақте ки мавҷҳои мамот маро фаро гирифт, селҳои ҳалокат маро ба ҳарос андохт,
Худовандро мадҳ кунед, эй ҳамаи халқҳо! Ӯро ситоиш намоед, эй ҳамаи умматҳо!
Зеро ки эҳсони Ӯ бар мо ғолиб омадааст; ва ростии Худованд то абад аст. Ҳалелуёҳ!
Суруди сууд. Чашмонамро сӯи кӯҳҳо менигаронам. Мадади ман аз куҷо меояд?
Об аз сарам гузашт; гуфтам: „Корам тамом шуд“.
Аз даруни чоҳи чуқур исми Туро, эй Худованд, хондам.