Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Юнус 2:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва Юнус аз шиками моҳӣ сӯи Худованд Худои худ дуо кард,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Юнус 2:2
26 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ дар тангии худ рӯи Худованд Худои худро ҷӯё шуд, ва ба ҳузури Худои падарони худ бағоят гардан фуровард;


Суруди сууд. Чашмонамро сӯи кӯҳҳо менигаронам. Мадади ман аз куҷо меояд?


Амъояшон чарбу баста, даҳонашон суханони мағрурона мегӯяд.


Роҳашон торик ва лағжонак бошад, ва фариштаи Худованд онҳоро таъқиб намояд,


Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Таронаи Довуд.


Танҳо дар Худо ҷонам ором меёбад; наҷотам аз Ӯст.


Ҷалоли исми Ӯро бисароед; ҳамду санои Ӯро ҷалол диҳед.


Дӯзах аз барои ту музтариб шудааст, то ки туро ҳангоми омаданат истиқбол намояд; арвоҳи мурдагонро, ҳамаи пешвоёни дуньёро барои ту бедор кардааст; ҳамаи подшоҳони халқҳоро аз тахтҳошон бархезонидааст;


Аз даруни чоҳи чуқур исми Туро, эй Худованд, хондам.


Он гоҳ туро бо ҳамаи онҳое ки дар гӯр фурӯд меоянд, назди қавми қадимӣ фурӯд хоҳам овард, ва туро дар асфалҳои замин, дар вайронаҳои абадӣ, бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, ҷойгир хоҳам кард, то ки дигар маскун нашавӣ; ва ҷалолро бар замини зиндагон зоҳир хоҳам сохт.


То ки ҳеҷ яке аз дарахтони назди обҳо аз қади баланди худ мағрур нашавад, ва дар миёни анбӯҳи шоҳаҳо сар наафрозад, ва ҳамаи дарахтони обхӯр кибриёи худро ба сабаби баландии худ афзун накунанд; зеро ки ҳамаи онҳо дар асфалуссофилин андаруни банӣ‐одаме ки дар гӯр фурӯд омадаанд, маҳкуми мамот мебошанд.


Зеро, чунон ки Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд, Писари Одам низ се шабонарӯз дар оғӯши замин хоҳад буд.


Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ бичӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.


Ва Ӯ дар изтироб афтода, бо ҷаҳди бештаре дуо мегуфт; ва арақи Ӯ мисли қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакид.


Зеро ки ҷони маро дар дӯзах нахоҳӣ андохт, ва нахоҳӣ гузошт, ки қуддуси Ту фаноро бубинад.


Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд,


Канизи худро зани нобакоре ҳисоб накун; зеро ки аз бисьёрии андӯҳ ва кулфати худ то ҳол сухан рондаам».


Ва Довуд бағоят ба танг омад, зеро ки қавм мехостанд ӯро сангсор кунанд, чунки тамоми қавм — ҳар яке барои писарону духтаронашон — талхком гардида буданд; вале Довуд ба Худованд Худои худ таваккал намуда, қувват меёфт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan