Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Юнус 2:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Лекин ман бо овози шукрона барои Ту қурбонӣ хоҳам кард; он чи назр намудаам, адо хоҳам кард. Наҷот дар дасти Худованд аст!»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Юнус 2:10
18 Iomraidhean Croise  

Ва Худо гуфт: «Замин наботот бирӯёнад, алафе ки тухм меоварад, дарахти мевадоре ки мувофиқи ҷинси худ мева медиҳад, ки тухмаш дар он бар рӯи замин бошад». Ва чунин шуд.


Ва Худо гуфт: «Найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки рӯзро аз шаб ҷудо кунанд, ва барои аломатҳо, ва замонҳо, ва рӯзҳо, ва солҳо бошанд;


Ва Худо гуфт: «Рӯшноӣ бишавад». Ва рӯшноӣ шуд.


Ва Худо фалакро ба вуҷуд овард; ва оби зери фалакро аз оби болои фалак ҷудо кард. Ва чунин шуд.


Ва Худо гуфт: «Оби зери осмон дар як ҷо ҷамъ шавад, ва хушкӣ намудор шавад». Ва чунин шуд.


Ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, аз насл ба насл то абад.


Он қавмҳоро нест накарданд, ки Худованд ба онҳо гуфта буд,


Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст! Хушо марде ки ба Ӯ паноҳ мебарад!


Худованд маро наҷот медиҳад, ва сурудҳоямро тамоми рӯзҳои ҳаёти худ дар хонаи Худованд хоҳам хонд.


Ман, Ман Худованд ҳастам, ва ғайр аз Ман Наҷотдиҳандае нест.


Чаро, вақте ки Ман омадам, касе набуд? Вақте ки Ман нидо кардам, касе ҷавоб надод? Оё дасти Ман аз раҳо кардан кӯтоҳ шудааст? Ва оё дар Ман қуввате нест, ки халосӣ диҳам? Бо итоби Худ, охир, Ман баҳрро хушк мекунам, наҳрҳоро ба биёбон табдил медиҳам, ба тавре ки моҳии онҳо аз беобӣ бӯй мегирад ва аз ташнагӣ мемирад.


Валекин Ман Худованд Худои ту аз замини Миср ҳастам, ва ту ғайр аз Ман худои дигарро нашинохтаӣ, ва ғайр аз Ман наҷотдиҳандае нест.


Сухани тавбаро бо худ гирифта, сӯи Худованд руҷӯъ намоед; ба Ӯ бигӯед: «Ҳамаи гуноҳҳоро биомурз, ва он чи некӯст, қабул намо; ва мо, ба ҷои говҳо, тазаррӯи лабони худро қурбонӣ мекунем.


Ва каломи Худованд бори дуюм ба гӯши Юнус расид, ки мегуфт:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan