1 Ва Худованд ба моҳии бузурге фармуд, ки Юнусро фурӯ барад; ва Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд.
Ва аз он наҳр ту хоҳӣ нӯшид; ва Ман ба зоғон амр фармудам, ки дар он ҷо ба ту ғизо оваранд».
Инак, маро қатл кунад ҳам, ба Ӯ умед хоҳам баст, аммо беайбии роҳҳои худро ба ҳузури Ӯ исбот хоҳам кард.
Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод, ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард.
Дар пирӣ низ бор хоҳанд овард, обдор ва тару тоза хоҳанд буд,
Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро талабидаанд; чун аз Ту ҷазо меёфтанд, бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд.
Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.
Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад.