Ва чунин воқеъ шуд, ки онҳо дар ибтидои дар он ҷо сокин шуданашон аз Худованд натарсиданд, ва Худованд шеронро бар онҳо фиристод, ва баъзе аз онҳо кушта шуданд.
Ва онҳо дар ҷавоби мо чунин суханонро гуфтанд: „Мо бандагони Худои осмон ва замин ҳастем, ва хонаеро бино мекунем, ки чандин сол пеш аз ин бино ёфта буд, ва подшоҳи бузурги Исроил онро бино карда ва ба анҷом расонда буд.
Танҳо Ту Худованд ҳастӣ, Ту осмон, фалакулафлок ва тамоми лашкари онҳоро, замин ва ҳар чиро, ки бар он аст, баҳрҳо ва ҳар чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овардаӣ, ва Ту ба ҳамаи онҳо ҳаёт мебахшӣ, ва лашкари афлок ба Ту саҷда мекунанд.
Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард‐гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод.
Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт.