8 Он гоҳ ба ӯ гуфтанд: «Ба мо бигӯ, ки аз боиси кӣ ин офат ба мо расидааст? Касбу кори ту чист, ва аз куҷо меоӣ? Диёри ту куҷост, ва аз кадом қавм ҳастӣ?»
Ва Довуд ба ӯ гуфт: «Ту аз они кӣ ҳастӣ ва аз куҷо мебошӣ?» Ӯ гуфт: «Ман ҷавони мисрӣ ва ғуломи шахси амолеқӣ ҳастам, ва оғоям маро партофтааст, зеро се рӯз аст, ки ман беморам.