7 Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, қуръа партоем, то бидонем, ки аз боиси кӣ ин офат ба мо расидааст». Ва қуръа партофтанд, ва қуръа ба номи Юнус афтод.
Дар моҳи якум, ки моҳи нисон бошад, дар соли дувоздаҳуми подшоҳ Аҳашверӯш, дар ҳузури Ҳомон барои ҳар рӯз ва ҳар моҳ пур — яъне қуръа — партофтанд, ва он ба моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, афтод.
Ба Худо мегӯям: „Маро айбдор накун; ба ман бифаҳмон, ки аз барои чӣ бо ман мубориза мекунӣ?
Қуръа дар доман партофта мешавад, вале ҳар натиҷаи он аз Худованд аст.
Валекин агар чунин накунед, ба ҳузури Худованд гуноҳкор хоҳед шуд, ва барои ин гуноҳатон ҷазо хоҳед ёфт.
Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: «Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд».
Ҳафт қавмро дар замини Канъон несту нобуд карда, заминашонро ҳамчун мерос ба онҳо тақсим кард,
Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.
Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Бархез; чаро ту чунин бар рӯи худ афтодаӣ?