Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Юнус 1:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва маллоҳон ба ҳарос афтода, ҳар яке ба худои худ истиғоса менамуданд, ва асбобу анҷомеро, ки дар киштӣ буд, дар баҳр мепартофтанд, то ки бори худро сабук кунанд; аммо Юнус ба таҳхонаи сафина фуромада, дароз кашид, ва хоби сахташ бурд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Юнус 1:5
22 Iomraidhean Croise  

Ва говеро, ки ба онҳо дода шуд, гирифта, тайёр карданд, ва номи Баалро аз субҳ то нимирӯзӣ хонда, гуфтанд: «Эй Баал, ба мо ҷавоб гардон!» Вале на садое буд ва на ҷавобе. Ва онҳо назди қурбонгоҳе ки сохта буданд, ҷастухез мекарданд.


Вале шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод;


Эй оташ ва жола, эй барф ва дуд, эй боди тунд, ки каломи Ӯро ба ҷо меоварӣ;


Вақте барои пайдо кардан, ва вақте барои гум кардан; вақте барои нигоҳ доштан, ва вақте барои партофтан.


Ҷамъ шуда биёед, ва бо ҳам наздик шавед, эй растагорони халқҳо! Онҳое ки санами чӯбини худро бардошта мегарданд, ва пеши худое ки наметавонад наҷот диҳад, дуо мегӯянд, нодон ҳастанд.


Пас, худоёни ту, ки барои худ сохтаӣ, куҷоянд? Бигзор онҳо бархезанд, агар туро дар вақти мусибатат наҷот дода тавонанд; зеро ки худоёни ту, эй Яҳудо, баробари шумораи шаҳрҳои ту ҳастанд.


Ва онҳо бо дили худ сӯи Ман истиғоса набурданд, ҳангоме ки бар бистарҳои худ фиғон мекашиданд; барои ғалла ва шароб ҷамъ шуда, бар зидди Ман исьён мекунанд.


Он гоҳ сӯи Худованд нидо карда, гуфтанд: «Лутфан, эй Худованд, аз боиси ҷони ин одам ба ҳалокат нарасем, ва хуни бегуноҳро ба гардани мо намон; зеро ки Ту, эй Худованд, он чи бихостӣ, бикардӣ».


Ва он одамон аз Худованд сахт тарсиданд, ва барои Худованд қурбонӣ карданд, ва назрҳо бастанд.


Ва сардори киштӣ назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Туро чӣ шудааст, ки хобидаӣ? Бархез, Худои худро бихон; шояд, Худо моро ёд кунад, ва мо ба ҳалокат нарасем».


Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд.


Ва омада, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд.


Он гоҳ назди шогирдонаш омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Инак, соат расидааст, ва Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;


Чун аз хӯрок сер шуданд, гандумро ба об партофта, киштиро сабук карданд.


Ва ӯро вай бар зонуҳои худ хобонид, ва касеро хонд, ва ҳафт гесуи сари ӯро тарошонид, ва ба шиканҷа кардани ӯ шурӯъ намуд, ва қувваташ аз ӯ дур шуд.


Ва Шоул се ҳазор марди гузинро аз тамоми Исроил гирифта, ба ҷустуҷӯи Довуд ва одамонаш сӯи саҳроҳое рафт, ки маскани бузҳои кӯҳист.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan