Ва Мусо асои худро бар замини Миср дароз кард, ва Худованд тамоми он рӯз ва тамоми шаб боди шарқиро бар замин вазонид; вақте ки субҳ дамид, боди шарқӣ малахро овард.
Ва Мусо дасти худро бар баҳр дароз кард, ва Худованд баҳрро бо боди шарқии сахте тамоми шаб ба ҳаракат даровард, ва баҳрро хушк гардонид, ва обҳо аз ҳам ҷудо шуд.
Ҳамин ки Ӯ овоз диҳад, обҳо дар осмон ғулғула меандозанд, ва Ӯ абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад, барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад, ва бодро аз махзанҳои Худ берун меоварад.