Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Юнус 1:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва дар он мавъиза намо, зеро ки бадкории онҳо то ба пеши Ман баромадааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Юнус 1:2
24 Iomraidhean Croise  

Аз он замин Ашшур баромада, Нинве, Раҳӯбӯир ва Колаҳро бино кард,


Ва Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ба роҳ даромада, равона шуд ва баргашта, дар Нинве сокин гардид.


Ва дар он ҷо набии Худованд буд, ки Ӯдид ном дошт; ва ӯ ба истиқболи лашкаре ки ба Сомария меомаданд, баромада, ба онҳо гуфт: «Инак, чун Худованд Худои падаронатон бар Яҳудо дарғазаб шуд, онҳоро ба дасти шумо супурд, ва шумо онҳоро бо хашме ки шиддаташ ба осмон расидааст, куштед.


Ва гуфтам: «Эй Худои ман! Аз бардоштани рӯи худ ба сӯи Ту, эй Худои ман, шарм ва хиҷолат дорам, зеро ки гуноҳҳои мо бисьёр шуда аз сар гузаштааст, ва маъсияти мо афзуда, то ба осмон расидааст.


Ва Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ақиб нишаста, раҳсипор шуд, ва бозгашта, дар Нинве сукунат кард.


«Бо тамоми овоз хитоб намо, худдорӣ накун! Овози худро мисли шох баланд карда, ба қавми Ман ҷинояташонро, ва ба хонадони Яъқуб гуноҳашонро эълон намо.


Ва ман ба дили худ гуфтам: «Дигар Ӯро зикр нахоҳам кард, ва дигар ба исми Ӯ сухан нахоҳам ронд». Вале он дар дили ман мисли оташи фурӯзон буд, ки дар устухонҳоям ҷойгир шудааст, ва ман онро боздошта, хаста гардидаам, ва натавонистам.


Ва суханони Маро ба онҳо бигӯй, хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, зеро ки онҳо исьёнгар мебошанд.


Ва дар дили худ намегӯянд, ки Ман тамоми шарорати онҳоро дар хотир нигоҳ доштаам; алҳол корҳои бадашон онҳоро иҳота намудааст, онҳо ба ҳузури Ман ошкор аст.


«Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва он чиро, ки Ман ба ту фармудам, дар он мавъиза намо».


Ва Юнус бархоста, бар тибқи каломи Худованд ба Нинве рафт; ва Нинве шаҳри бузурги Худо буд, ки дар се рӯз давр мезаданд.


Ва оё Ман Нинверо — ин шаҳри бузургро — дареғ надорам, ки дар он бештар аз дувоздаҳ бевар одамоне ки дасти росту чапи худро наметавонанд фарқ кунанд, ва ҳайвоноти бисьёре низ ҳастанд?»


Валекин ман ба воситаи Рӯҳи Худованд аз қувват ва инсоф ва мардонагӣ пур шудаам, то ки ба Яъқуб дар бораи ҷинояташ ва ба Исроил дар бораи гуноҳаш сухан ронам.


Ваҳй дар бораи Нинве; китоби рӯъёи Наҳуми алкӯшӣ.


Барои шикасти ту муолиҷае нест, зарбае ки ту хӯрдаӣ, даво надорад; ҳамаи онҳое ки ин хабарро дар бораи ту шунидаанд, ба ҳоли ту чапак заданд, зеро кист, ки бадии ту ба вай ҳамеша нарасида бошад?


Ва ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд, то ки барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад.


Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Юнус бузургтар аст.


Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва доду фарьёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст.


Зеро ки гуноҳҳои вай то ба осмон расидааст, ва Худо зулмҳои вайро ба хотир овардааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan