Шабонгаҳ ман бо ҷони худ муштоқи Ту ҳастам, ва саҳаргоҳон ман бо рӯҳи худ дар андарунам Туро металабам; зеро вақте ки довариҳои Ту бар замин ба амал ояд, сокинони дуньё инсофро таълим хоҳанд гирифт.
Оё аз Ман наметарсед? — мегӯяд Худованд. — Оё аз ҳузури Ман ба ларза намеоед? Ман, охир, регро ҳудуди баҳр, қонуни ҷовидоние барояш қарор додаам, ки аз он намегузарад; ва мавҷҳояш талотум менамояд, вале ғолиб намешавад, ва ҳарчанд ба ғалаён меояд, наметавонад аз он бигзарад.
Он гоҳ сӯи Худованд нидо карда, гуфтанд: «Лутфан, эй Худованд, аз боиси ҷони ин одам ба ҳалокат нарасем, ва хуни бегуноҳро ба гардани мо намон; зеро ки Ту, эй Худованд, он чи бихостӣ, бикардӣ».