15 Ва Юнусро бардошта, дар баҳр андохтанд; ва баҳр аз талотумаш бозистод.
Ва устухонҳои Шоул ва писари ӯ Йӯнотонро дар замини Биньёмин, дар Селоъ, дар мақбараи падараш Қиш дафн карданд, ва ҳар чиро, ки подшоҳ амр фармуда буд, ба ҷо оварданд; ва баъд аз он Худо бар замин марҳамат намуд.
Бо қудрати Худ бар ҷаҳон ҳукмфармост; чашмони Ӯ ба халқҳо менигарад; исьёнгарон сар нахоҳанд бардошт. Село.
Зеро ки ҳамаи рӯзҳои мо зери қаҳри Ту гузаштааст; солҳои худро мисли фиғоне ба сар бурдаем.
Шояд, Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем».
Ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро ҳаросонед?» Баъд бархоста, бодҳо ва баҳрро манъ кард, ва оромии комил барқарор шуд.
Ва пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Устод! Устод! Ҳалок мешавем». Ӯ бархоста, бод ва ғалаёни обро манъ кард, ва онҳо қатъ гардиданд, ва оромӣ барқарор шуд.