Ва Довуд ба Худо гуфт: «Ман, охир, барои саршумории қавм амр фармудаам, ва ман ҳамонам, ки гуноҳ кардаам, ва бадкорӣ намудаам, вале ин гӯсфандон чӣ кардаанд? Эй Худованд Худои ман! Бигзор дасти Ту бар ман ва бар хонадони падарам бошад, вале на бар қавми Ту барои нобуд кардани вай».