11 Ва ба ӯ гуфтанд: «Бо ту чӣ кунем, то ки баҳр барои мо сокит шавад?» Зеро ки баҳр беш аз пеш мехурӯшид.
Ва он одамон сахт ҳаросон шуда, ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зеро он одамон донистанд, ки ӯ аз пеши Худованд гурехтааст, чунон ки худаш ба онҳо баён намуд.
Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Маро бардошта, дар баҳр андозед, — ва баҳр барои шумо сокит хоҳад шуд, зеро ман медонам, ки аз боиси ман ин тӯфони бузург ба сари шумо омадааст».