10 Ва он одамон сахт ҳаросон шуда, ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зеро он одамон донистанд, ки ӯ аз пеши Худованд гурехтааст, чунон ки худаш ба онҳо баён намуд.
Ва Худованд Худо ба зан гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зан гуфт: «Мор маро фирефта кард, ва ман хӯрдам».
Ва Юоб ба подшоҳ гуфт: «Бигзор Худованд Худои ту шумораи қавмро аз он қадар, ки ҳаст, сад баробар зиёд кунад, ва чашмони оғоям подшоҳ инро бубинад! Пас, чаро оғоям подшоҳ ин корро хоҳон аст?»
Ва бар ӯ тир меандозад, ва дареғ намедорад, агарчи ӯ зӯр мезанад, ки аз дасти он бигрезад.
Ва ба ӯ гуфтанд: «Бо ту чӣ кунем, то ки баҳр барои мо сокит шавад?» Зеро ки баҳр беш аз пеш мехурӯшид.
Ва Юнус бархост, то ки аз пеши Худованд ба Таршиш бигрезад; ва ба Ёфӯ омада, киштие ёфт, ки ба Таршиш рафтанӣ буд, ва киропулии онро дода, савор шуд, то ки ҳамроҳи онҳо аз пеши Худованд ба Таршиш биравад.
Чун Пилотус ин суханро шунид, беш аз пеш ҳаросон шуд.
Ва Еҳушаъ гуфт: «Чӣ фалокатест, ки ту ба сари мо овардӣ? Худованд имрӯз ба сари ту фалокат хоҳад овард». Ва тамоми Исроил ӯро сангсор карданд, ва онҳоро ба оташ сӯзониданд ва онҳоро сангборон карданд.