1 Ва каломи Худованд ба самъи Юнус ибни Амитай расид, ки мегуфт:
Ӯ ҳудуди Исроилро аз даромадгоҳи Ҳамот то баҳри Аробо аз нав барқарор кард, бар тибқи каломи Худованд Худои Исроил, ки ба воситаи бандаи худ Юнус ибни Амиттай, набие аз Ҷат‐Ҳефар, ба забон ронда буд.
Шер наъра задааст, — кист, ки ҳаросон нашавад? Худованд Худо сухан рондааст, — кист, ки нубувват накунад?»
Ва каломи Худованд бори дуюм ба гӯши Юнус расид, ки мегуфт:
Насли шарир ва зинокор аломате металабад, ва ба вай ҷуз аломати Юнуси набӣ дода нахоҳад шуд». Ва онҳоро тарк карда, равона шуд.
Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо аз мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо аз Юнус бузургтар аст.