Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 5:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Эй бародарон, аз якдигар шиква накунед, то ки маҳқум нагардед: инак, Довар назди дар истодааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

9 Аз якдигар, бародарону хоҳарон, арзу шикоят накунед, вагарна ҳукм мешавед, зеро Ҳукмкунанда дар остонаи дар истодааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 5:9
21 Iomraidhean Croise  

Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав».


Вақт расидааст, он рӯз омадааст; касе ки харида бошад, бигзор шодӣ накунад, ва касе ки фурӯхта бошад, бигзор мотам нагирад, зеро ки ғазаб бар тамоми анбӯҳи онҳост.


Аз фарзандони қавми худ интиқом накаш ва кина ба дил нагир, ва ёратро мисли худат дӯст дор. Ман Худованд ҳастам.


Ҳамчунин шумо чун ҳамаи ин чизҳоро дидед, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.


Ҳамчунин шумо чун дидед, ки ин чизҳо воқеъ шудааст, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.


Пас Ҳиродия ба Яҳьё кина баста буд ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин наметавонист.


Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст.


Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.


Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад.


Зеро ки тамоми шариат аз як калима иборат аст, чунончи: «Ёратро мисли худат дӯст бидор».


Ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабонӣ накунем, аз якдигар ҳасад набарем.


Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.


Шариатгузор ва Довар якест, ва Ӯ қодир аст наҷот диҳад ва талаф кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ?


Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.


Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.


Онҳо ба Худое ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисоб хоҳанд дод.


Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед;


Инак, назди дар истода, тақ‐тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада, бо ӯ таоми шом хоҳам хӯрд, ва ӯ бо Ман.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan