Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 5:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

7 Бинобар ин, эй бародарону хоҳарон, чунон ки деҳқон бо сабру тоқат интизори борони баҳору тирамоҳ мешавад, то ки киштзори ғаллаи гаронбаҳояш ҳосил диҳад, шумо низ то омадани Худованд сабру тоқат кунед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 5:7
32 Iomraidhean Croise  

Ва дар дили худ нагуфтанд: „Аз Худованд Худои худ битарсем, ки Ӯ борони аввал ва охирро дар сари вақт меборонад, ҳафтаҳои барои дарав таъиншударо барои мо нигоҳ медорад“.


Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард; зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст, ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор, ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад».


Ва шумо, эй писарони Сион, дар Худованд Худои худ хурсандӣ ва шодӣ кунед, зеро ки Ӯ борони аввалинро ба шумо ба қадри даркорӣ медиҳад, ва борони аввалин ва охиринро барои шумо мисли пештара меборонад.


Боронро аз Худованд дар мавсими борони охирин биталабед; Худованд, ки барқҳоро ба вуҷуд меоварад, ба онҳо борони фаровон хоҳад дод, ва гиёҳ дар киштзори ҳар кас.


Зеро ки Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштагони Худ хоҳад омад, ва он вақт ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.


Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Писари Одамро, ки дар Малакути Худ меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид».


Зеро, чӣ тавре ки барқ дар шарқ зоҳир шуда, дар ғарб ҳам намудор мегардад, омадани Писари Одам низ чунин хоҳад шуд;


Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд.


Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имонро бар замин ҳоҳад ёфт?»


Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд.


Ва афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дили нек ва пок нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд.


Исо ба вай гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Аз ақиби Ман биё».


Бинобар ин дар миёни бародарон чунин сухан паҳн шуд, ки он шогирд нахоҳад мурд. Лекин Исо ба вай нагуфт, ки вай нахоҳад мурд, балки гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?»


Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем.


Ба онҳое ки доим кори нек карда, толиби ҷалол, шараф ва ҷовидӣ мешаванд, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад дод;


Ба тавре ки шумо аз ҳеҷ лаёқат норасогӣ надоред, модоме ки мунтазири зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ мебошед,


Зеро ки мо ба воситаи Рӯҳ аз имон мунтазири ҳамон адолатем, ки онро умедворем.


Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.


Дар он сурат борони замини шуморо, борони аввалин ва охиринро дар сари вақт хоҳам дод, ва ту ғаллаи худ ва шираи ангури худ ва равғани зайтуни худро ҷамъ хоҳӣ кард.


Ва бар тибқи иқтидори ҷалоли Ӯ бо тамоми қувват мустаҳкам шавед, то ки бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр бошед,


Ва доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем,


Зеро кист умеди мо, ё шодмонии мо, ё тоҷи фахри мо дар ҳузури Худованди мо Исои Масеҳ дар вақти омадани Ӯ — оё шумо нестед?


Ва дилҳои шуморо устувор гардонад, то ки дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Ӯ дар қудсият ба ҳузури Худо ва Падари мо беайб бошед. Омин.


Ва Иброҳим бо пурсабрии худ ба он ваъда ноил гардид.


Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.


Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.


Тилло ва нуқраи шуморо занг задааст, ва занги онҳо исботе ба муқобили шумо гардида, мисли оташ ҷисми шуморо хоҳад хӯрд: шумо барои айёми охирини худ ганҷ ҷамъ кардаед.


Хоҳанд гуфт: «Куҷост ваъдаи омадани Ӯ? Зеро аз замоне ки падарон вафот кардаанд, ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan