Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 5:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ӯро баргардонад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

19 Пас, эй бародарону хоҳаронам, бидонед, ки агар касе аз байни шумо аз роҳи ростӣ барояду дигаре ӯро ба роҳ баргардонад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 5:19
21 Iomraidhean Croise  

Эй писарам! Шунидани пандро бас кун, агар аз суханони дониш дур мешуда бошӣ.


Бар қавми ман кӯдакон зулм мекунанд, ва занон бар вай салтанат меронанд. Эй қавми ман! Роҳбаронат туро дар иштибоҳ меандозанд, ва самти роҳҳои туро вайрон кардаанд.


Гумшударо хоҳам ҷуст, ва рондашударо хоҳам баргардонид, ва шикастапойро тахтабанд хоҳам кард, ва касалро қувват хоҳам дод, ва фарбеҳу зӯроварро нест хоҳам кард; аз рӯи инсоф хоҳам чаронид.


Камқувватонро қувват надодед, ва касалеро табобат накардед, ва шикастапойро тахтабанд накардед, ва рондашударо барнагардонидед, ва гумшударо наҷустед, ва онҳоро бо зӯроварӣ ва сангдилӣ идора намудед.


Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, рафта байни худат ва ӯ ба танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон: агар ба сухани ту гӯш диҳад, бародари худро дарьёфтӣ;


Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вақте, руҷӯъ намуда, бародарони худро устувор гардон».


Эй бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад.


Зеро ки решаи ҳамаи бадихо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд.


Ки баъзе касон ба он часпида, аз имон баргаштаанд. Файз бо ту бод. Омин.


Ки аз ростӣ дур шуда, мегӯянд, ки «эҳьё аллакай воқеъ шудааст», ва имони баъзеро хароб мекунанд.


Ки вай метавонад ба ҷоҳилон ва гумроҳон ғамҳорӣ намояд, чунки худаш низ гирифтори заъф аст,


Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед.


Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;


Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талҳ ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурӯғ нагӯед:


Бигзор вай бидонад, ки шаҳсе ки гуноҳкорро аз роҳи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз мамот наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш хоҳад кард.


Пас шумо, эй маҳбубон, азбаски пешакӣ огоҳонида шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори иштибоҳи шарирон нагардед ва аз матонати худ маҳрум нашавед,


Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan