Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 5:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

16 Бино бар ин, дар пеши якдигар ба гуноҳҳоятон иқрор шавед ва барои якдигар дуо кунед, то ки шифо ёбед. Дуои шахси дурусткор боқудрат ва натиҷабахш аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 5:16
68 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки Худо шаҳрҳои водиро маҳв мекард, Худо Иброҳимро ба хотир овард, ва Лутро аз миёни он харобӣ берун кард дар ҳини вожгун сохтани шаҳрҳое ки Лут дар онҳо иқомат дошт.


Ва Иброҳим пеши Худо дуо гуфт, ва Худо Абималик, ва зани ӯ, ва канизони ӯро шифо бахшид, ва онҳо зоён шуданд.


Ва акнун занро ба шавҳараш баргардон: зеро ки ӯ пайғамбар аст, ва барои ту дуо хоҳад гуфт, ва ту зинда хоҳӣ монд; вале агар барнагардонӣ, бидон, ки ту ва ҳар кӣ аз они туст, ҳатман хоҳед мурд».


Ва гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки Исроил; зеро ки бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ, ва ғолиб шудӣ».


Ва ба подшоҳ гуфт: «Оғоям маро айбдор нашуморад, ва гуноҳеро, ки бандаат дар рӯзе ки оғоям подшоҳ аз Ерусалим берун меомад, содир кардааст, ба ёд наоварад, ва подшоҳ онро ба дили худ нагирад,


Ва подшоҳ ба марди Худо сухан ронда, гуфт: «Лутфан, пеши Худованд Худои худ тазаррӯъ намо ва барои ман дуо гӯй, то ки дасти ман ба тарафи ман баргардад». Ва марди Худо пеши Худованд тазаррӯъ намуд, ва дасти подшоҳ ба тарафи вай баргашт ва мисли пештара шуд.


Ва Худованд дуои Ҳизқиёро иҷобат намуда, қавмро омурзид.


Ва акнун барои худ ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқор бигиред, ва назди бандаи Ман Айюб биравед, ва барои худ қурбонии сӯхтанӣ бароваред, ва бандаи Ман Айюб барои шумо дуо хоҳад гуфт, зеро ки фақат рӯи ӯро иҷобат хоҳам намуд, бе он ки ба шумо бадӣ бикунам, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед».


Валекин вақте ки меафтодам, шодӣ мекарданд ва ҷамъ мешуданд; нокасоне бар зидди ман ҷамъ мешуданд, ки намешинохтам; маро дашном медоданд, ва бас намекарданд;


Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Мусо дасташро мебардошт, Исроил дастболо мешуд, ва ҳамин ки дасташро мефуровард, Амолеқ дастболо мешуд.


Ва Мусо аз пеши фиръавн аз шаҳр берун рафта, дастҳояшро сӯи Худованд дароз кард; ва раъдҳо ва жола хотима ёфт, ва борон бар замин наборид.


Худованд аз шарирон дур аст, вале дуои одилонро мешунавад.


Қурбонии шарирон назди Худованд зишт аст, вале дуои росткорон писандидаи Ӯст.


Касе ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад, дуои вай низ зишт аст.


Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҳатто агар Мусо ва Самуил ба ҳузури Ман биистанд, ҷони Ман ба ин қавм моил нахоҳад шуд; онҳоро аз ҳузури Ман дур андоз, то бираванд.


Маро бихон, ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд, ва ба ту чизҳои бузург ва ниҳониеро, ки намедонӣ, баён хоҳам кард.


Ва ба Ирмиёи набӣ гуфтанд: «Бигзор истиғосаи мо ба ҳузури ту мақбул афтад, ва ту барои мо, барои тамоми ин бақия назди Худованд Худои худ дуо гӯӣ, зеро ки мо каме аз бисьёр боқӣ мондаем, чунон ки чашмонат моро мебинад;


Ва қавм сӯи Мусо фарьёд заданд; ва Мусо сӯи Худованд дуо гуфт, ва оташ хомӯш шуд.


Ва ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хохед ёфт».


Ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Урдун таъмид меёфтанд.


Тамоми мардуми сарзамини Яҳудо ва сокинони Ерусалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Урдун аз вай таъмид меёфтанд.


Онҳо рафтанд ва деҳ ба деҳ гашта, дар ҳама ҷо башорат медоданд ва шифо мебахшиданд.


Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад;


Исои Носириро Худо бо Рӯҳулқудс ва қуввати Худ тадҳин кард, ва Ӯ ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар қайди иблис буданд, шифо мебахшид, зеро ки Худо бо Ӯ буд;


Бисьёре аз имондорон омада, аъмоли худро иқрор ва ошкор мекарданд;


Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Шумо барои ман ба Худованд дуо гӯед, то ки чизе аз он чи гуфтед, ба ман рӯй надиҳад».


Чунон ки навишта шудааст: «Касе одил нест, як нафар ҳам нест;


Зеро, чунон ки ба воситаи беитоатии як кас бисьёр касон гуноҳкор шуданд, ончунон ба воситаи итоати як кас бисьёр касон одил мешаванд.


Бинобар ин мо низ аз он рӯзе ки инро шунидаем, дар ҳаққи шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то ки шумо аз дониши иродаи Ӯ дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур шавед,


Худи Худои осоиштагӣ бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад.


Эй бародарон, барои мо дуо гӯед.


Бо имон Ҳобил ба Худо, назар ба Қобил, қурбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; бо он ӯ баъд аз мамоташ ҳанӯз ҳам сухан меронад.


Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.


Ва барои пойҳои худ роҳҳои рост кушоед, то он чи мелангад, бероҳа нагардад, балки ба хубӣ шифо ёбад.


Дар ҳаққи мо дуо гӯед; зеро мо яқин медонем, ки виҷдони нек дорем, чунки дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем.


Он гоҳ Еҳушаъ, дар рӯзе ки Худованд амӯриёнро ба дасти банӣ‐Исроил супурд, ба исми Худованд сухан ронда, дар пеши исроилиён гуфт: «Эй офтоб, бар Ҷибъӯн биист, ва эй моҳ, — бар водии Аёлӯн!»


Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.


Ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.


Ва азбаски дуои вай ба ҳузури Худованд тӯл кашид, Элӣ ба даҳони вай назар дӯхт.


Имрӯз, охир, мавсими даравидани гандум аст, вале ман сӯи Худованд хоҳам хонд, ва Ӯ раъд ва борон хоҳад фиристод, то шумо бидонед ва бубинед, ки чӣ гуна гуноҳи азиме пеши назари Худованд ба амал овардаед, вақте ки барои худ подшоҳ талабидаед».


Ва Самуил сӯи Худованд хонд, ва Худованд дар он рӯз раъд ва борон фиристод, ва тамоми қавм аз Худованд ва аз Самуил бағоят тарсиданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan