Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 5:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

13 Агар касе аз байни шумо мушкилие дошта бошад, бояд дуо кунад. Агар хурсанд бошад, бояд сурудҳои ҳамду сано бихонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 5:13
34 Iomraidhean Croise  

Дар шаъни Ӯ суруд гӯед, дар шаъни Ӯ бинавозед, ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯро ҳикоят кунед!


Ба ҳузури Худо дуо хоҳад гуфт, ва он мустаҷоб хоҳад шуд, ва рӯи Ӯро бо шодӣ хоҳад дид, ва Ӯ ба инсон адолати варо хоҳад баргардонид.


Кист, ки қудрати Худовандро тавсиф намуда тавонад, тамоми ҳамду санои Ӯро бишнавонад?


Кошки роҳҳои ман дуруст мебуд, то ки фароизи Туро нигоҳ дорам!


Ва он мисли домод аз ҳаҷлаи худ берун меояд, мисли паҳлавон аз тай кардани роҳаш шод мешавад:


Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод, ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард.


Дар пирӣ низ бор хоҳанд овард, обдор ва тару тоза хоҳанд буд,


Дар шаъни Худованд суруд гӯед, исми Ӯро муборак хонед, наҷоти Ӯро рӯз ба рӯз башорат диҳед.


Инак, бандагони Ман аз хушии дил тараннум хоҳанд намуд, вале шумо аз дарди дил фарьёд хоҳед зад, ва аз шикастагии рӯҳ вовайло хоҳед кард.


Шароб менӯшиданд ва худоёнеро, ки аз тилло ва нуқра, мис, оҳан, чӯб ва санг буд, ҳамд мегуфтанд.


«Биёед, сӯи Худованд руҷӯъ намоем, зеро ки Ӯ даридааст, ва моро шифо хоҳад бахшид, Ӯ зарба задааст, ва моро ҷароҳатбандӣ хоҳад кард;


Ва Юнус аз шиками моҳӣ сӯи Худованд Худои худ дуо кард,


То бехи кӯҳҳо нузул кардам; замин бо ғалақаҳои худ то ба абад пеши роҳамро гирифт; лекин Ту, эй Худованд Худои ман, ҳаётамро аз дӯзах баровардӣ.


Зеро ки ҳамаи қавмҳо ҳар яке ба исми худои худ равона мешаванд, вале мо ба исми Худованд Худои худ то абад равона хоҳем шуд.


Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.


Ва Ӯ дар изтироб афтода, бо ҷаҳди бештаре дуо мегуфт; ва арақи Ӯ мисли қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакид.


Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!»


Пас чӣ бояд кард? Бо рӯҳ дуо хоҳам гуфт, бо ақл низ дуо хоҳам гуфт; бо рӯҳ суруд хоҳам хонд, бо ақл низ суруд хоҳам хонд.


Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ки шумо ҷамъ мешавед, ва ҳар яке аз шумо таронае аз Забур, ё насиҳате, ё забоне, ё ваҳйе, ё тафсире дорад, — бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад.


Ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ суҳан гӯед ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед ва тараннум намоед,


Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд,


Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.


Онҳо дар пеши тахт ва дар пеши он чор ҳайвон ва пирон суруди наве месароянд; ва ҳеҷ кас натавонист он сурудро ёд гирад, ҷуз он саду чилу чор ҳазор нафар, ки аз замин харида шуда буданд.


Ва онҳо бо овози баланд нидо карда, мегӯянд: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз они Барра аст!»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan