Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 5:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

10 Хӯш, бародарону хоҳарон, аз пайғамбароне, ки аз номи Худованд пайғом медоданд, ибрат бигиред, ки чӣ тавр онҳо дар вақти азобу шиканҷаҳо сабру тоқат нишон медоданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 5:10
19 Iomraidhean Croise  

Вале онҳо расулони Худоро тамасҳур карданд, ва аз суханони Ӯ нафрат доштанд, ва анбиёи Ӯро хорӣ доданд, то ба ҳадде ки оташи ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга гирифт, ба тавре ки он илоҷнопазир буд.


Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Худованд, ки ту ба забон рондӣ, барҳақ аст». Ва гуфт: «Бигзор дар рӯзҳои ман осоиштагӣ ва пояндагӣ бошад!»


Бар абас писарони шуморо зарба задаам: онҳо сабақе нагирифтанд; шамшери шумо, мисли шери дарранда, анбиёи шуморо хӯрдааст.


Ва агар онҳо дар машварати Ман меистоданд, мебоист суханони Маро ба қавми Ман мефаҳмонданд, ва онҳоро аз роҳи бадашон ва аз аъмоли шариронаашон мегардонданд.


Он гоҳ мирон ва тамоми қавм ба коҳинон ва анбиё гуфтанд: «Ин шахс сазовори ҳукми қатл нест, зеро ки ба исми Худованд Худои мо ба мо сухан рондааст».


Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!


Дар он рӯз шодӣ кунеду ба ваҷд биёед, зеро ки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо анбиё ҳамин тавр рафтор карда буданд.


То замони таҷдид кардани ҳама чиз мутобиқи он чи Худо бо забони анбиёи муқаддаси Худ аз азал гуфтааст, мебоист осмон Ӯро қабул мекард.


Кист аз анбиё, ки падарони шумо ӯро таъқиб накарда бошанд? Онҳо касонеро куштанд, ки аз омадани Он Одил пешакӣ ҳабар дода буданд, ва алҳол шумо худи Ӯро таслим кардед ва ба қатл расондед,


Сардорони худро, ки каломи Худоро ба шумо мавъиза кардаанд, ба ёд оваред: ба анҷоми рафтори онҳо назар карда, ба имонашон тақлид намоед.


Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.


Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад.


Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.


Эй бародарон, аз якдигар шиква накунед, то ки маҳқум нагардед: инак, Довар назди дар истодааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan