Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 5:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Гӯш кунед шумо, эй сарватдорон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меояд, гирья ва нола кунед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Ҳоло шумо, эй сарватмандон, гӯш андозед! Шумо бояд гиряву нола кунед, чунки бало ба шумо наздик шуда истодааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 5:1
36 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд дар осмон гулдуррос зад, ва Ҳаққи Таоло овози Худро бидод, бо жола ва ахгарҳои оташ.


Касе ки ба сарвати худ умед бандад, фурӯ меғалтад; вале одилон мисли барг месабзанд.


Сарват дар рӯзи ғазаб мадад намекунад, вале адолат аз мамот халосӣ медиҳад.


Вовайло кунед, зеро ки рӯзи Худованд наздик аст: мисли таҳлукае аз ҷониби Қодир меояд.


Дар кӯчаҳои он мардум бар камари худ палос бастаанд; бар бомҳои он ва дар майдонҳои он ҳама вовайло мекунанд, зор‐зор мегирьянд.


Бинобар ин палос пӯшида, мотам гиред ва навҳа кунед, зеро ки оташи ғазаби Худованд аз мо барнагаштааст.


Худованд чунин мегӯяд: «Бигзор хирадманд бо хиради худ наболад, ва зӯровар бо зӯри худ наболад, ва сарватдор бо сарвати худ наболад,


«Модарат чӣ модашере буд! Дар миёни шерон мехобид, андаруни шерони ҷавон бачаҳояшро мепарварид.


«Эй писари одам! Нубувват намуда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: зор‐зор гириста, бигӯед: «Вой бар он рӯз!»


Зироаткорон ошуфта гардидаанд, токдорон навҳа карданд дар бораи гандум ва ҷав, зеро ки ҳосили саҳро нобуд шудааст.


Палос пӯшида гирья кунед, эй коҳинон, навҳа намоед, эй хизматгузорони қурбонгоҳ, омада дар палос шабро гузаронед, эй хизматгузорони Худои ман! Зеро ки ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ аз хонаи Худои шумо барҳам хӯрдааст.


Бедор шавед, эй мастон, ва гирья кунед, ва фиғон кашед, эй ҳамаи майнӯшон, дар бораи шираи ангур, ки аз даҳонатон кашида гирифта шудааст!


Азбаски сарватдоронаш пур аз ситам мебошанд, ва сокинонаш дурӯғгӯӣ мекунанд, ва забонашон дар даҳонашон аз фиреб иборат аст,


На нуқраи онҳо, на тиллои онҳо дар рӯзи ғазаби Худованд онҳоро наметавонад наҷот диҳад, ва бо оташи рашки Ӯ тамоми замин фурӯ бурда хоҳад шуд, зеро ки ҳалокате, он ҳам ҳалокати ногаҳоние, Ӯ бар ҳамаи сокинони замин хоҳад овард.


Вале Ешурун фарбеҳ шуда, ба лагад задан даромад; ту фарбеҳ, ғафс ва тануманд шудаӣ; — ва Худоро, ки Офаринандаи вай аст, тарк кард, ва Кӯҳпораи наҷоти худро хорӣ дод.


Офтоб бо гармо тулӯъ намуда, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватдор низ дар роҳҳои худ ҳамин тавр пажмурда хоҳад шуд.


Валекин шумо аз камбағал нафрат кардаед. Оё сарватдорон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд?


Акнун гӯш кунед шумо, эй касоне ки мегӯед: «Имрӯз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як сол зиндагонӣ мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем»,


Андӯҳгин шуда, гирья ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гирья ва шодии шумо ба ғусса мубаддал шавад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan