Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 4:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Андӯҳгин шуда, гирья ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гирья ва шодии шумо ба ғусса мубаддал шавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

9 Аз корҳоятон пушаймон шуда, нолаву гиря ва фиғон бардоред. Ба ҷойи ханда нола кунед ва ба ҷойи шодӣ кардан ғамгин бошед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 4:9
25 Iomraidhean Croise  

Ва Наҳемьё, ки волӣ бошад, ва Эзрои коҳини китобдон, ва левизодагоне ки ба қавм фаҳмонда медоданд, ба тамоми қавм гуфтанд: «Имрӯз барои Худованд Худои шумо рӯзи муқаддас аст; андӯҳгин нашавед ва гирья накунед», — чунки тамоми қавм ба шунидани суханони Таврот мегиристанд.


Барбати ман ба сӯгдорӣ табдил ёфтааст, ва наи ман ба садои гирьяндагон.


Дар вақти ханда ҳам баъзан дили кас дард мекунад, ва шодие ҳаст, ки оқибаташ андӯҳ аст.


Дар бораи ханда гуфтам: «Ҷунун аст!» Ва дар бораи айшу тараб: «Ин чӣ нафъ мекунад?»


Он гоҳ бокира дар дастаи раққосон шодӣ хоҳад кард, ва ҷавонон ва пирон — бо якҷоягӣ; ва Ман мотами онҳоро ба шодмонӣ табдил хоҳам дод, ва онҳоро аз кулфате ки кашидаанд, тасаллӣ дода, шод хоҳам гардонид.


Онҳо бо гирья хоҳанд омад, ва Ман онҳоро бо марҳамат хоҳам бурд; онҳоро сӯи ҷӯйҳои об бо роҳи рост хоҳам бурд, ки дар он пешпо нахоҳанд хӯрд; зеро ки Ман падари Исроил ҳастам, ва Эфроим нахустзодаи Ман аст.


Дилхушии мо хотима ёфтааст; рақси мо ба мотам мубаддал шудааст.


То ки ту ба ёд оварда, хиҷил шавӣ, ва минбаъд ба сабаби нанги худ даҳонатро накушоӣ, вақте ки Ман ҳар чиро, ки ту кардаӣ, ба ту биомурзам, мегӯяд Худованд Худо».


Растагорони онҳо хоҳанд гурехт, ва бар кӯҳҳо мисли кабӯтарони дараҳо хоҳанд буд; ҳар яке аз онҳо ба сабаби гуноҳи худ оҳу нола хоҳанд кард.


Ба Ӯ гуфтанд: «Он бадкоронро ба марги шадид маҳкум карда, токзорро ба токдорони дигаре хоҳад супурд, ки меваро дар мавсимаш ба ӯ диҳанд».


Хушо мотамзадагон, зеро ки онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт.


Лекин Иброҳим гуфт: „Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ;


Хушо шумо, ки ҳоло гурусна ҳастед, зеро ки сер хоҳед шуд. Хушо шумо, ки ҳоло гирьён ҳастед, зеро ки хандон хоҳед шуд.


Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло сер ҳастед! Зеро ки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло хандон ҳастед, зеро ки мотам хоҳед гирифт ва гирья хоҳед кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan