Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 4:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

7 Пас, ба Худо пурра итоат кунеду ба шайтон зид бароед ва шайтон аз пешатон мегурезад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 4:7
32 Iomraidhean Croise  

Ва агар чунин гӯяд: „Ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар ту нест“, — инак ман ҳозирам, бигзор он чи дар назараш писанд ояд, дар ҳаққи ман ба амал оварад».


Алҳол мисли падарони худ гарданкашӣ накунед, дасти байат ба Худованд диҳед, ба қудси Ӯ, ки онро то абад тақдис намудааст, омада, Худованд Худои худро ибодат кунед, ва Ӯ оташи ғазаби Худро аз шумо хоҳад баргардонид.


Ва гуфт: «Аз батни модари худ бараҳна берун омадам, ва ба он ҷо бараҳна хоҳам баргашт. Худованд дод, ва Худованд гирифт. Исми Худованд муборак бод»!


То ки роҳи Ту дар замин шинохта шавад, ва наҷоти Ту дар ҳамаи халқҳо.


Валекин ман мискин ва азияткаш ҳастам; наҷоти Ту, эй Худо, паноҳи ман хоҳад шуд.


Ба подшоҳ ва ба модари ӯ бигӯй: «Поёнтар биншинед, чунки аз сарҳотон тоҷи шавкати шумо афтодааст.


Ҳамаи ин ба подшоҳ Набукаднесар рӯй дод.


Ва ҳамаи сокинони замин ҳеҷ ҳисоб меёбанд, ва Ӯ ба лашкари осмон ва сокинони замин бар тибқи иродаи Худ амал мекунад, ва касе нест, ки дасти Ӯро рад намояд ва ба Ӯ бигӯяд: «Чӣ мекунӣ?»


Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;


Бинобар ин, эй подшоҳ Ағрипос, ба рӯъёи осмонӣ беимонӣ накардам,


Ва ӯ ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт: «Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ба ҷо оварам?» Ва Худованд дар ҷавоб гуфт: «Бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ».


Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд;


Зеро ки навишта шудааст: «Қасам ба ҳаёти Худам, мегӯяд Худованд: пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне Худоро ситоиш хоҳад кард».


Ва ба иблис ҷой надиҳед.


Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед.


Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед.


Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонӣ ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар итоат намоем, то ки зист кунем?


Пас, ба хотири Худованд ба ҳар сарвари одамӣ итоат намоед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олӣ,


Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад;


Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan