Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 4:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

4 Эй мардуми бевафо, магар намедонед, ки дӯстӣ кардан бо ин ҷаҳон бо Худо душманӣ карданро мефаҳмонад? Ҳар кӣ бо ин ҷаҳон дӯст шудан хоҳад, душмани Худо мешавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 4:4
24 Iomraidhean Croise  

Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».


Ҳар кӣ маро бинад, тамасхур мекунад; лаб мекушоянд, сар меҷунбонанд:


Зеро ки Ту қурбониро намехоҳӣ, вагар на меовардам; ба қурбонии сӯхтанӣ таваҷҷӯҳ намекунӣ.


Вале шумо, эй писарони ҷодугар, эй зурьёти фосиқ ва фоҳиша, ба ин ҷо наздик оед!


«Бирав ва ба гӯши Ерусалим хитоб намуда, бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: меҳри айёми ҷавонӣ ва муҳаббати давраи арӯсии туро, вақте ки аз қафои Ман дар биёбон, дар замини нокишта мерафтӣ, барои ту дар хотир дорам.


Кошки дар биёбон мусофирхонае меёфтам! Қавми худро тарк карда, аз пешашон мерафтам, чунки ҳамаашон зинокоранд, анбӯҳи хоинонанд.


Балки зани зинокоре будӣ, ки ба ҷои шавҳари худ бегонаҳоро мепазирад.


Ва Худованд ба ман гуфт: «Бори дигар рафта, занеро, ки маҳбубаи ёрест ва зинокорӣ мекунад, дӯст бидор, мисли он ки Худованд банӣ‐Исроилро дӯст медорад, ва ҳол он ки онҳо ба худоёни дигар рӯ меоваранд ва кулчаҳои мавизиро дӯст медоранд».


Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Насли шарир ва зинокор аломате металабад: ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд;


Насли шарир ва зинокор аломате металабад, ва ба вай ҷуз аломати Юнуси набӣ дода нахоҳад шуд». Ва онҳоро тарк карда, равона шуд.


Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед.


Лекин он душманони маро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо оварда, пеши ман ба қатл расонед“».


Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад.


Ман каломи Туро ба онҳо супурдам, ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.


Ҷаҳон наметавонад ба шумо адоват дошта бошад, лекин ба Ман адоват дорад, чунки Ман бар он шаҳодат медиҳам, ки аъмолаш бад аст;


Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, — пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт;


Чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад.


Куҷост ҳаким? Куҷост китобдон? Куҷост воизи ин ҷаҳон? Оё Худо ҳикмати ин ҷаҳонро ба ҷаҳолат табдил надодааст?


Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, — Худо салоҳ донист, ки ба воситам ҷаҳолати мавъиза имондоронро наҷот диҳад.


Оё ман алҳол назди одамон хусни таваҷҷӯҳ меҷӯям, ё назди Худо? Оё саъю кӯшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанӯз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам.


Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андӯҳи онҳо парасторӣ кунем ва худро аз олам олуда накарда нигоҳ дорем.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan