Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 4:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Акнун гӯш кунед шумо, эй касоне ки мегӯед: «Имрӯз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як сол зиндагонӣ мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем»,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

13 Гӯш андозед шумое, ки мегӯед: «Имрӯз ё фардо фалон шаҳр меравем, он ҷо як сол монда, савдо мекунему фоида ба даст меоварем».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 4:13
11 Iomraidhean Croise  

Пас фурӯд оем, ва забони онҳоро дар он ҷо махлут кунем, то ки сухани якдигарро нафаҳманд».


Аз рӯзи фардо фахр накун, зеро намедонӣ, ки дар як рӯз чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.


Ман ба дили худ гуфтам: «Биё, туро бо айшу тараб биозмоям, то хуширо пайдо кунам», — ва инак, ин низ ҳеҷу пуч аст!


Ва чунон ки қавм бошанд, ончунон коҳин хоҳад буд, чунон ки ғулом — ончунон оғояш, чунон ки каниз — ончунон хотунаш, чунон ки харидор — ончунон фурӯшанда, чунон ки қарзхоҳ — ончунон қарздор, чунон ки даъвогар — ончунон ҷавобгар.


Ва акнун Ман ба шумо эълон менамоям, ки ба токзори Худ чӣ кор хоҳам кард: Хорбандашро дур мекунам, ва он хароб хоҳад шуд; деворашро вайрон мекунам, ва он поймол хоҳад шуд.


Вақт расидааст, он рӯз омадааст; касе ки харида бошад, бигзор шодӣ накунад, ва касе ки фурӯхта бошад, бигзор мотам нагирад, зеро ки ғазаб бар тамоми анбӯҳи онҳост.


Ва гирьёнон мисли он ки гирьён набошанд; ва шоддилон мисли он ки шоддил набошанд; ва харидорон мисли он ки хариде накарда бошанд;


Гӯш кунед шумо, эй сарватдорон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меояд, гирья ва нола кунед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan