Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 4:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Шариатгузор ва Довар якест, ва Ӯ қодир аст наҷот диҳад ва талаф кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

12 Аммо ҳаминро донед, ки фақат як Шариатдиҳанда ва Ӯ ҳам Ҳукмкунанда аст, ки қудрати наҷот додан ва нобуд карданро дорад. Лекин шумо кистед, ки якдигарро ҳукм мекунед?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 4:12
11 Iomraidhean Croise  

«Он кист, ки машварати Маро бо суханони бемаънӣ торик мекунад?


Чунки Худованд довари мост, Худованд қонунгузори мост, Худованд подшоҳи мост; Ӯ моро наҷот хоҳад дод.


Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад.


Лекин ба шумо нишон медиҳам, ки аз кӣ тарсидан лозим аст: аз Ӯ ҳаросон бошед, ки баъд аз куштан қодир аст ба дӯзаҳ андозад; оре, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед.


Пас, якдигарро дигар маҳкум накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки касе дар сари роҳи бародараш пешпое ё васвасае нагузорад.


Ту кистӣ, ки бандаи каси дигарро маҳкум мекунӣ? Пеши оғои худ ӯ меистад ё меафтад; аммо ба по хоҳад истод, зеро ки Худо қодир аст ӯро ба по бархезонад.


Бинобар ин ту, эй одами маҳкумкунанда, ҳар кӣ бошӣ ҳам, узре надорӣ, чунки дигареро маҳкум карда, ҳудатро маҳкум менамоӣ, зеро ки ту, эй маҳкумкунанда, айни ҳамон корҳоро содир мекунӣ.


Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳсу мунозира мекунӣ? Оё маснӯъ ба сонеъ мегӯяд: «Чаро маро чунин соҳтӣ?»


Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.


Эй бародарон, аз якдигар шиква накунед, то ки маҳқум нагардед: инак, Довар назди дар истодааст.


Ва Нобол ба навкарони Довуд ҷавоб гардонида, гуфт: «Довуд кист, ва писари Йисой кист? Имрӯз ғуломони зиёде ҳастанд, ки ҳар яке аз пеши оғоёни худ гурехта рафтаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan