Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 4:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

11 Эй дӯстон, якдигарро бадгӯйӣ накунед. Ҳар кӣ бар зидди имондоре сухан мегӯяд ё ӯро ҳукм мекунад, дар асл зидди шариати Худо сухан мегӯяд ва шариатро ҳукм мекунад. Агар шумо шариатро ҳукм мекарда бошед, пас дигар иҷрокунандаи он нестед, балки ҳукмкунанда ҳастед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 4:11
24 Iomraidhean Croise  

Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум наҳоҳед шуд; бибахшед ва бахшида хоҳед шуд;


Бинобар ин ту, эй одами маҳкумкунанда, ҳар кӣ бошӣ ҳам, узре надорӣ, чунки дигареро маҳкум карда, ҳудатро маҳкум менамоӣ, зеро ки ту, эй маҳкумкунанда, айни ҳамон корҳоро содир мекунӣ.


Чунки на шунавандагони шариат пеши Худо одиланд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда хоҳанд шуд;


Пас чӣ гӯем? Оё шариат бо гуноҳ якест? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Лекин ман гуноҳро маҳз ба воситаи шариат донистаам. Зеро агар шариат намегуфт, ки «тамаъ накун», ман намедонистам, ки тамаъ чист.


Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.


Зеро метарсам, ки дар омаданам мабодо шуморо, ончунон ки меҳоҳам, наёбам, шумо низ маро, ончунон ки меҳоҳед, наёбед; мабодо низоъ, ҳасад, ҳашм, ҷанҷол, бӯҳтон, ғайбат, ғурур ва бетартибиҳо мавҷуд бошад;


Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарьёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад;


Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушьёр ва аз ҳар ҷиҳат мӯътамад.


Ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ,


Ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд,


Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед.


Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;


Аммо касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшҳотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, — хушо он кас дар амали ҳуд.


Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи: «Ёри ҳудро мисли худ дӯст бидор» ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;


Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.


Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.


Эй бародарон, аз якдигар шиква накунед, то ки маҳқум нагардед: инак, Довар назди дар истодааст.


Пас, ҳар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan