Худованд Худо чунин мегӯяд: аммома аз сарат дур карда ва тоҷат бардошта хоҳад шуд, ин ҳолат дигар давом нахоҳад кард: он чи паст аст, баланд хоҳад шуд, ва он чи баланд аст, паст хоҳад гардид.
Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад».