Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 3:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам оташ мегирад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

6 Ҳамчунон забон низ оташест, ки аз дӯзах дармегирад. Он як ҷаҳон бадӣ дар байни узвҳоямон мебошад, ки тамоми баданамонро ҳаром мекунад ва тамоми вуҷудамонро ба оташ гирифтор менамояд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 3:6
62 Iomraidhean Croise  

Ва Абшолӯм ба Аҳитӯфал гуфт: «Шумо машварат диҳед, ки чӣ кор кунем».


Ва мардуми Исроил ба мардуми Яҳудо ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Моро дар подшоҳ даҳ ҳисса ҳаст, дар Довуд низ ҳиссаи мо назар ба шумо бештар аст. Пас, чаро моро хор доштед? Ва оё мо дар бораи баргардонидани подшоҳи худ аввалин шуда сухан нарондем?» Валекин сухани мардуми Яҳудо аз сухани мардуми Исроил сахттар буд.


Ва Абиё ва қавми Ӯ ба онҳо зарбаи сахт расониданд, ва аз Исроил панҷсад ҳазор мардони гузин кушта шуданд.


Бар даҳонам, эй Худованд, посбоне бимон, ва дари лабҳоямро нигаҳбонӣ намо.


Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад.


Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад, вале сухани сахт хашмро бармеангезад.


Шахси сафил бадандеш аст, ва бар лабҳои ӯ гӯё ки оташи сӯзоне ҳаст.


Шоҳиди козибе ки суханони дурӯғ мебофад ва шахсе ки дар миёни бародарон ситезаҳо меангезад.


То ки туро аз зани ғайр нигаҳбонӣ намояд, аз зани зинокоре ки гуфтори худро нарм мекунад.


Инак, исми Худованд аз дурдаст меояд, ғазаби Ӯ аланга мезанад, ва дуди ғализе аз он боло мебарояд; лабҳои Ӯ пур аз хашм аст, ва забони Ӯ мисли оташи сӯзон аст.


Инак ҳамаи шумо, ки оташ меафрӯзед, ва шарораҳо мепошед, дар алангаи оташи худ ва дар шарораҳое ки барафрӯхтаед, қадамгузор бошед! Ин барои шумо аз дасти Ман аст: дар андӯҳ хоҳед хобид.


Зеро ки аз ҷониби касони бисьёр бӯҳтон шунидам, ва даҳшат дар гирду пеш буд: «Арз кунед, ва мо аз ӯ шикоят хоҳем намуд». Ҳатто ҳамаи онҳое ки дӯсти худ медонистам, бар ман камин мекунанд: «Шояд саҳве кунад, ва мо бар ӯ ғолиб оем, ва интиқоми худро аз ӯ бигирем».


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Инак, Ман туро аз рӯи замин дур меандозам! Имсол ту хоҳӣ мурд, зеро ки бар хилофи Худованд сухан рондаӣ“».


Ва писари зани исроилӣ Исмро ба забон ронда, лаънат кард, ва ӯро назди Мусо оварданд; ва номи модараш Шелӯмит бинти Дибрӣ, аз сибти Дон буд.


Ва онҳо қавмро ба забҳҳои худоёни худ мехонданд, ва қавм мехӯрданд, ва ба худоёни онҳо саҷда мебурданд.


Инҳо, охир, аз рӯи машварати Билъом, банӣ‐Исроилро васваса дода буданд, ки ба хотири Фаӯр ба Худованд хиёнат кунанд, ва дар ҷамоати Худованд вабо рӯй дод.


Лекин фарисиён инро шунида, гуфтанд: «Ӯ девҳоро фақат ба воситаи Баал‐Забул, калони девҳо, берун мекунад».


Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд; ҳар кӣ бародари худро „реқо“ гӯяд, лоиқи ҳукми шӯрои пирон хоҳад буд; ва ҳар кӣ „аҳмақ“ гӯяд, лоиқи оташи дӯзах хоҳад шуд.


Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, вайро палид карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро палид мекунад.


Ва фарьёд зада, гуфт: „Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам“.


Аз миёни ҳудатон низ шахсоне пайдо ҳоҳанд шуд, ки суханони каҷ ҳоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд.


Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё! Чаро ин тавр ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рӯҳулкудс дурӯғ бигӯӣ ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ?


Шоҳидони козибро пеш оварданд, ва онҳо гуфтанд: «Ин шахс ҳамеша ба муқобили ин макони муқаддас ва ба муқобили Таврот суханони куфромез мегӯяд;


Агар бародарат, ки писари модарат бошад, ё писарат, ё духтарат, ё завҷаи ҳамоғӯшат, ё дӯсти ҷоният туро пинҳонӣ иғво намуда, гӯяд: „Биё, то худоёни дигарро, ки ту ва падаронат намешинохтед, ибодат кунем“,


Даҳонашон бояд баста шавад: онҳо хонаҳои томро фосид карда, аз рӯи тамаи нангин, чизҳое таълим медиҳанд, ки шоиста нест.


Оё онҳо номи некеро, ки бар шумост, беобрӯ намекунанд?


Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром мешавад ва ром шудааст,


Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда,


Бинобар ин, агар биёям, корҳоеро, ки ӯ мекунад, ҳотирнишон ҳоҳам кард: ӯ дар ҳаққи мо суханони бад ба забон меронад, ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, худаш бародаронро қабул намекунад ва ба касоне ки мехоҳанд, монеъ мешавад ва аз калисо бадар меронад.


Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд.


Ва бо мӯъҷизоте ки дар пеши ҳайвони ваҳшӣ метавонист нишон диҳад, сокинони заминро фиреб дода, ба сокинони замин мегӯяд, ки пайкари он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер ярадор шуда, зинда мондааст, бисозанд.


Ва рӯшноии чароғ дар ту дигар пайдо нахоҳад шуд, ва овози домод ва арӯс дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, зеро ки тоҷирони ту акобири рӯи замин буданд, ва аз ҷодуи ту ҳамаи халқҳо дар иштибоҳ афтодаанд.


Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он набии козиб дастгир шуд, ки дар пеши вай мӯъҷизот ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба пайкари он саҷда менамоянд, фиреб мекард: ҳар ду зинда дар кӯли оташ андохта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan