Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 3:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи ҳурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

5 Забон низ айнан монанди ҳамин аст. Он як узви хурди бадан аст, аммо чӣ лофи зиёд мезанад. Ана як ҷангали бузург ҳам бо як лахчаи хурди оташ дармегирад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 3:5
25 Iomraidhean Croise  

Чунки ба Худо гуфтанд: „Аз мо дур шав! Ва Қодир ба мо чӣ метавонад бикунад?“


Дар сурате ки буньёдҳо вайрон шудааст, одил чӣ кор карда метавонад?


Ва осмонро хамонида, нузул кард, ва абри сиёҳ зери пойҳои Ӯ буд.


Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.


Душман гуфт: „Таъқиб менамоям, расида мегирам, ғаниматро тақсим мекунам, ҷонам аз онҳо сер мешавад, шамшери худро мекашам, дасти ман онҳоро маҳв менамояд“.


Ва фиръавн гуфт: «Худованд кист, ки ба овозаш гӯш дода, Исроилро равона кунам? Худовандро намешиносам, ва Исроилро низ равона нахоҳам кард».


Баъзеҳо неши забон мезананд, ки мисли зарби шамшер аст, вале забони хирадмандон офият мебахшад.


Забони хирадмандон донишро зебо мегардонад, вале даҳони аблаҳон беақлиро ифода мекунад.


Мамот ва ҳаёт дар дасти забон аст, ва дӯстдорони он меваи онро мехӯранд.


Ҳезум набошад — оташ хомӯш мешавад, ва бадгӯӣ набошад — ситеза сокит мешавад.


Ва онҳо гуфтанд: «Биёед, бар зидди Ирмиё тадбирҳо биандешем, зеро ки шариат аз коҳин, ва машварат аз хирадманд, ва калом аз набӣ маҳв нахоҳад шуд; пас биёед, ӯро бо забон зарба занем, ва ба суханони ӯ гӯш наандозем».


«Эй писари одам! Ба раиси Сӯр бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски дили ту мағрур шудааст, ва ту мегӯӣ: «Ман Худо ҳастам, бар нишемангоҳи худоён нишастаам», ва ҳол он ки ту одамизод ҳастӣ ва на Худо, валекин дили худро мисли худоён пиндоштаӣ,


Сухан ронда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту, эй фиръавн подшоҳи Миср, зид ҳастам! Эй тимсоҳи бузург, ки андаруни наҳрҳои худ хобида, мегӯӣ: «Наҳри ман аз они ман аст, ва ман онро ба вуҷуд овардаам».


Алҳол, агар шумо тайёр бошед, пас чун садои шайпур, сурнай, тор, чилтор, чанг, қӯшнай ва дигар асбоби мусиқиро бишнавед, афтода, ба ҳайкали тиллое ки ман сохтаам, саҷда баред, хуб хоҳад буд; вале агар саҷда набаред, дарҳол андаруни кӯраи оташи сӯзон андохта хоҳед шуд; ва кист он Худое ки шуморо тавонад аз дасти ман раҳо кунад?»


Дар ҳамон соат ин чиз бар Набукаднесар ба амал омад, ва ӯ аз миёни одамон бадар ронда шуд, ва мисли говон алаф хӯрд, ва аз шабнами осмон баданаш тар шуд, ба тавре ки мӯйҳояш мисли парҳои уқоб, ва нохунҳояш мисли чанголи мурғон калон шуд.


Инак, киштиҳо низ, ҳарчанд бузург бошанд ва ҳарчанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор ҳоҳад, равона карда мешаванд;


Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд;


Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan