Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 3:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

16 Зеро ҳар вақте ки дар байни шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ ҳаст, дар ҳамон ҷо бетартибӣ ва ҳар гуна фисқу фасод мебошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 3:16
11 Iomraidhean Croise  

Аз ҳамин сабаб он ҷоро Бобил номидаанд; зеро ки дар он ҷо Худованд забони тамоми заминро махлут кард, ва аз он ҷо Худованд онҳоро бар рӯи тамоми замин пароканда кард.


Вале Ӯнон медонист, ки он насл аз они ӯ нахоҳад буд; бинобар ин, ҳар гоҳ, ки назди зани бародараш мехобид, манӣ ба замин мерехт, то ки насле барои бародари худ надиҳад.


Ва агар хонае бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он хона устувор истода наметавонад;


Тамоми шаҳр ба шӯр омада, ҳама якдилона сӯи тамошохона тохтанд ва Ғоюс ва Ористархусро, ки аз аҳли Мақдуния ва ҳамроҳони Павлус буданд, дастгир карда, бо худ кашида бурданд.


Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард.


Чунки Худо Худои ҳарҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист. Дар ҳамаи калисоҳои муқаддасон ҳамин тавр аст.


Чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилофот ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?


Зеро метарсам, ки дар омаданам мабодо шуморо, ончунон ки меҳоҳам, наёбам, шумо низ маро, ончунон ки меҳоҳед, наёбед; мабодо низоъ, ҳасад, ҳашм, ҷанҷол, бӯҳтон, ғайбат, ғурур ва бетартибиҳо мавҷуд бошад;


Бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилофот, бидъатҳо,


Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талҳ ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурӯғ нагӯед:


На ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт. Ва аз барои чӣ вайро кушт? Аз барои он ки аъмоли худаш бад буд, вале аъмоли бародараш — одилона.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan