Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 3:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

15 Ин гуна ҳикмат аз ҷониби Худо нест, балки ҳикмати заминӣ, дунявӣ, яъне шайтонӣ мебошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 3:15
30 Iomraidhean Croise  

Ва Амнӯн ёре дошт, ки номаш Юнодоб буд, ва ӯ писари Шимъо бародари Довуд буд; ва Юнодоб шахси бағоят айёр буд.


Ва ба Довуд хабар расонида, гуфтанд: «Аҳитӯфал бо Абшолӯм забон як кардааст». Ва Довуд гуфт: «Лутфан, эй Худованд, машварати Аҳитӯфалро ботил намо!»


Ва машваратҳое ки Аҳитӯфал дар он айём медод, мисли он буд, ки касе каломи Худоро пурсида бошад; ҳар машварате ки Аҳитӯфал чи ба Довуд, чи ба Абшолӯм медод, ҳамин тавр буд.


«Зеро ки қавми Ман беақланд, Маро намешиносанд; онҳо писарони ҷоҳиланд ва фаҳме надоранд; ба бадӣ кардан ақлашон мерасад, вале кардани кори нек аз дасташон намеояд».


Ва он оғо амалдори ноинсофро таъриф кард, ки оқилона рафтор кардааст; зеро ки писарони ин олам дар муомила бо мардуми насли худ аз писарони нур оқилтаранд.


Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.


Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.


Ва гуфт: «Эй манбаи ҳар макру шарорат, эй фарзанди иблис ва душмани ҳама гуна адолат! Оё аз роҳи рости Худованд баровардани мардумро бас намекунӣ?


Бо вуҷуди он ки ҳудашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда,


Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад;


Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рӯҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ӯ ҷаҳолат аст; ва онро дарк карда наметавонад, чунки он ҳукми рӯҳониро металабад.


Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо ҷаҳолат аст, чунон ки навишта шудааст: «Ҳакимонро ба макри худашон гирифтор мекунад».


Чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилофот ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?


Зеро фахри мо ин аст, ки виҷдони мо шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҷаҳон, алалхусус ба шумо дар беайбӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд.


Аммо тарси он дорам, ки чӣ тавре ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ҳамон тавр афкори шумо низ фосид шуда, аз самимияте ки дар Масеҳ аст, рӯ хоҳад тофт.


Фарҷоми онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд.


Омадани ин шарир бо ҳар гуна кувват ва аломот ва мӯъҷизоти сохта аз рӯи амали шайтон аст,


Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт,


Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағьироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.


Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, — ва ба вай ато хоҳад шуд.


Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.


Инҳо касоне ҳастанд, ки ҷудоиҳо ба миён меоваранд; инҳо касони нафсоние ҳастанд, ки рӯҳ надоранд.


Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд.


Валекин ба шумо ва касони дигаре ки дар Тиётиро ҳастанд, ва ҳамаи онҳое ки ин таълимотро пайравӣ накардаанд ва, чунон ки мегӯянд, аз умқҳои шайтон хабар надоранд, мегӯям: бар шумо бори дигаре намегузорам;


Онҳо бар худ подшоҳе доштанд, ки фариштаи варта аст; номи он ба забони ибронӣ Абаддӯн ва ба забони юнонӣ Апӯллийӯн аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan