Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 3:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талҳ ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурӯғ нагӯед:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

14 Аммо агар дар дилҳои шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ вуҷуд дошта бошад, худситоӣ накунед, ки таърифатон бар зидди ростӣ аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 3:14
42 Iomraidhean Croise  

Бародаронаш ба ӯ ҳасад бурданд; ва падараш инро дар хотир нигоҳ дошт.


Вале Ӯнон медонист, ки он насл аз они ӯ нахоҳад буд; бинобар ин, ҳар гоҳ, ки назди зани бародараш мехобид, манӣ ба замин мерехт, то ки насле барои бародари худ надиҳад.


Ва гуфт: «Ҳамроҳи ман биё ва рашки маро, ки барои Худованд дорам, бубин». Ва варо ба аробаи ӯ савор карданд.


Валекин Еҳу саъю кӯшиш накард, ки шариати Худованд Худои Исроилро бо тамоми дили худ пайравӣ намояд: ӯ аз гуноҳҳои Ёробъом, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.


Зеро ки хашм беақлро мекушад, ва ҳасад соддалавҳро ба ҳалокат мерасонад.


Дили ором ҳаёти ҷисм аст, вале ҳасад фасоди устухонҳост.


Ғазаб бераҳм аст, ва хашм мисли селоб, вале кист, ки тавонад пеши рашк истодагӣ кунад?


Ва ҳасади Эфроим нест хоҳад шуд, ва душманони Яҳудо маҳв хоҳанд гардид. Эфроим аз Яҳудо ҳасад нахоҳад хӯрд, ва Яҳудо Эфроимро ба танг нахоҳад овард.


Чаро ҷафоро ба ман нишон медиҳӣ, ва ба хабосат назар меандозӣ, дар сурате ки тороҷ ва ситам дар рӯ ба рӯи ман аст, ва ҷангу ҷидол ба миён меояд ва ситезакорӣ сар мебардорад?


Зеро медонист, ки Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.


Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад.


Вале чун яҳудиён издиҳоми мардумро диданд, аз ҳасад пур гаштанд ва куфр гуфта, ба суханони Павлус мухолифат карданд.


Оре, ман ҳам пештар барои худ воҷиб медонистам, ки бар зидди исми Исои Носирӣ ҳар чи зиёдтар амал кунам,


Аммо саркоҳин ва бо вай ҳамаи онҳое ки аз фирқаи саддуқиён буданд, аз ҳасад пур шуда, барҳостанд


Сарқабилаҳо аз Юсуф ҳасад бурда, ӯро ба Миср фурӯхтанд; лекин Худо бо ӯ буд


Бинобар ин онҳо аз ҳар гуна кизб, зино, макр, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, қатл, ҷидол, фиреб ва бадҳӯӣ пур ҳастанд,


Мисли он ки рӯзона бошад, боодобона рафтор кунем: на бо айёшӣ ва мастигарӣ, на бо шаҳватпарастӣ ва фисқу фуҷур, на бо низоъ ва ҳасад;


Инак, ту яҳудӣ ном дорӣ, ва ба шариат такья мекунӣ, ва аз шинохтани Худо меболӣ.


Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард.


Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад,


Чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилофот ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?


Ва шумо мағрур шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то он касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад.


Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад?


Зеро метарсам, ки дар омаданам мабодо шуморо, ончунон ки меҳоҳам, наёбам, шумо низ маро, ончунон ки меҳоҳед, наёбед; мабодо низоъ, ҳасад, ҳашм, ҷанҷол, бӯҳтон, ғайбат, ғурур ва бетартибиҳо мавҷуд бошад;


Аммо агар шумо якдигарро газида, мехӯрда бошед, эҳтиёт шавед, ки мабодо аз дасти якдигар несту нобуд гардед.


Бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилофот, бидъатҳо,


Нафрат, қатлҳо, бадмастӣ, бетартибӣ ва монанди ин; шуморо пешакӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт.


Ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабонӣ накунем, аз якдигар ҳасад набарем.


Зеро ки худи махтуншавандагон ҳам шариатро риоя намекунанд, лекин мехоҳанд, ки шумо махтун шавед, то ки бо ҷисми шумо фахр намоянд.


Дуруст аст, ки баъзе касон аз рӯи ҳасад ва рақобат, ва баъзеи дигарон аз рӯи хайрхоҳӣ Масеҳро мавъиза менамоянд:


Аз рӯи рақобат ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед,


Ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.


Вай мағрур аст, ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории муҷодилот ва мубоҳисот дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гумонҳои шарирона


Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем.


Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.


Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.


Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ӯро баргардонад,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan