Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 3:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

13 Агар касе аз байни шумо хирадманд ва бофаҳм бошад, бигзор инро бо зиндагии хуб ва амалҳое, ки бо хоксории хираду ҳикмат анҷом дода мешаванд, нишон диҳад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 3:13
46 Iomraidhean Croise  

Ва ба одамизод гуфт: „Инак, тарси Худованд ҳикмат аст, ва аз бадӣ дур шудан хирад аст“».


Зеро ки Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад, ҳалимонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад.


Ҷонамро бо хатокорон ва ҳаётамро бо хунхӯрон нобуд накун,


Обҳои он хурӯшида, туғьён кунанд, ва кӯҳҳо аз ғалаёни он мутазалзил шаванд. Село.


Кист, ки тавонад мисли хирадманд бошад? Ва кист, ки таъбири ҳар чизро бидонад? Ҳикмати одамизод чеҳраи ӯро равшан мекунад, ва шиддати чеҳраи ӯ тағьир меёбад.


Касе ки ҳукмро риоя намояд, чизи баде нахоҳад дид; вале дили хирадманд вақт ва доварии муносибро медонад.


Ва ҳалимон шодмонии худро дар Худованд афзун хоҳанд кард, ва мардуми мискин дар Қуддуси Исроил ба ваҷд хоҳанд омад.


Анбӯҳи шутурон — шутурони ҷавони Мидьён ва Эйфо — туро пур хоҳад кард; ҳамаашон аз Шабо хоҳанд омад, тилло ва лебӯно хоҳанд овард, ва ҳамду санои Худовандро башорат хоҳанд дод.


Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст, зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст: Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям;


Кист марди хирадманд, ки инро тавонад фаҳм кунад, ва даҳони Худованд ба ӯ сухан гуфта бошад, ва ӯ эзоҳ диҳад, ки чаро замин талаф шуда, мисли биёбоне сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад?


Худованд чунин мегӯяд: «Бигзор хирадманд бо хиради худ наболад, ва зӯровар бо зӯри худ наболад, ва сарватдор бо сарвати худ наболад,


Ва Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағьир медиҳад, подшоҳонро сарнагун мекунад ва подшоҳонро барқарор менамояд, ба ҳакимон ҳикмат ва ба оқилон дониш мебахшад.


Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин, ки аҳкоми Ӯро ба ҷо меоваред; адолатро биталабед, фурӯтаниро биталабед, — шояд, ки дар рӯзи хашми Худованд тавонед пинҳон шавед.


Ва Мусо марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст.


Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;


«Ба духтари Сион бигӯед: „Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд“».


Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд.


Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард;


Барои хиҷил шуданатон мегӯям: наход ки дар байни шумо як нафар ҳам боҳираде нест, ки дар миёни бародарони худ доварӣ карда тавонад?


Лекин ман, Павлус, ки шахсан дар миёни шумо хоксорам, вале ғоибона бар шумо ҷасорат дорам, шуморо бо фурӯтанӣ ва меҳрубонии Масеҳ даъват менамоям,


Пас, муҳаббати худро, ва он фахреро, ки мо аз шумо дорем, пеши калисоҳо ба онҳо исбот кунед.


Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.


Эй бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад.


Бигзор ҳар кас амали худро имтиҳон намояд, ва он гоҳ фақат дар худ фахр хоҳад дошт, на дар дигаре;


Бо тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ ва пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед,


Фақат ин ки муносиби башорати Масеҳ умр гузаронед, то ки ман — хоҳ омада шуморо бинам, хоҳ аз шумо дур бошам — дар бораи шумо бишнавам, ки шумо дар як рӯҳ қоим буда, якдилона барои имони Инҷил ҷидду ҷаҳд менамоед,


Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед,


Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош.


Аммо ту, эй одами Худо, аз ин ҳазар намо ва аз паи адолат, диндорӣ, имон, муҳаббат, сабр ва фурӯтанӣ бирав;


Бо фурӯтанӣ мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасанд


Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор намоянд.


Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт»,


Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.


Балки касе хоҳад гуфт: «Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, — имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони ҳудро аз аъмоли худ нишон медиҳам».


Эй бародарони ман! Бисьёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем шуд,


Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.


Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед,


Ва дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред, то ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, аъмоли некатонро дида, Худоро дар рӯзи тафаққуд ҳамду сано хонанд.


Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —


Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan