Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 2:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Валекин шумо аз камбағал нафрат кардаед. Оё сарватдорон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

6 Аммо шумо камбағалонро меранҷонед. Магар худи ҳамин бойҳо шуморо сӯйиистеъмол намекунанд ва ба пеши қозӣ намебаранд?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 2:6
38 Iomraidhean Croise  

Зеро ки ӯ бар бенавоён зулм карда, онҳоро партофтааст; хонаеро, ки бино накардааст, тороҷ намудааст.


Зеро инак шарирон камонро кашидаанд, тири худро ба зеҳи он гузоштаанд, то ки дар торикӣ ба ростдилон биандозанд.


Мабодо душманам гӯяд: «Аз вай зӯр баромадам»; ва адуёнам шодӣ кунанд, вақте ки ман фурӯ ғалтам.


Касе ки бенаворо ба танг оварад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад, вале касе ки ба мискин марҳамат мекунад, Ӯро ҷалол медиҳад.


Касе ки бенаворо таҳқир кунад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад; касе ки аз ҳалокат шод шавад, беҷазо намемонад.


Бенаво бо зорӣ сухан меронад, вале сарватдор бо дуруштӣ ҷавоб медиҳад.


Касе ки камбағалро барои афзоиши сарвати худ истисмор кунад, ва касе ки ба сарватдор бахшиш диҳад, бенаво мешавад.


Сарватдор бар камбағалон ҳукмронӣ мекунад, ва қарздор ғуломи қарзхоҳ мегардад.


Валекин суд ба мамлакат аз ҳама мерасад, ва ҳатто подшоҳ ба киштукори саҳроҳо ғамхорӣ менамояд.


Ӯ манфур буд ва радди мардум, дардманд ва ранҷур, ва мисли касе ки аз вай рӯй мегардонанд; Ӯ манфур буд, ва мо Ӯро писанд намекардем.


«Ин каломро бишнавед, эй модаговони Бошон, ки бар кӯҳи Сомария буда, бенавоёнро зулм мекунед, камбағалонро ба танг меоваред ва ба оғоёни худ мегӯед: „Биёред, то ки бинӯшем!“


Бинобар ин, азбаски бенаворо поймол кардед, ва аз ғаллаи вай хироҷ гирифтед, — хонаҳо аз санги тарошида хоҳед сохт, вале дар онҳо сокин нахоҳед шуд; токҳои дилпазир хоҳед парварид, вале шароби онҳоро нахоҳед нӯшид,


Сари ҳокимони варо бо тирҳои худи вай маҷрӯҳ кардӣ, вақте ки онҳо мисли тундбоде ҳамла оварданд, то ки маро пароканда намоянд, дар айни хол шодии онҳо мисли он буд, ки мискинеро ба таври пинҳонӣ фурӯ мебурда бошанд.


Ва бева ва ятим, ва ғариб ва бенаворо ба танг наоваред, ва дар дили худ ба зидди якдигар бадӣ наандешед».


Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо ба Ман беҳурматӣ мекунед;


Яҳудиён занони диндору иззатманд ва акобири шаҳрро ба шӯр оварда, барои таъқиб кардани Павлус ва Барнаббо барангехтанд ва онҳоро аз он ноҳия ронданд.


Чун онҳоро наёфтанд, Ёсӯн ва чанд нафар бародаронро назди сардорони шаҳр кашиданд ва дод зада мегуфтанд, ки онҳое ки тамоми оламро зеру забар карданд, ба ин ҷо низ омадаанд,


Дар ин миён, вақте ки Ғолиюн волии Оҳоия буд, яҳудиён якдил шуда, ба Павлус ҳуҷум карданд ва ӯро ба маҳкама кашида оварданд


Аммо Шоул аҳли калисоро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду дар зиндон меандохт.


Магар шумо хона надоред, ки дар он бихӯред ва бинӯшед? Ё ки ба калисои Худо беэътиноӣ мекунед ва нодоронро хиҷолат медиҳед? Ба шумо чӣ гӯям? Оё барои ин шуморо таҳсин кунам? Таҳсин намекунам.


Ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гӯед: «Шумо марҳамат фармуда ин ҷо бинишинед», ва ба камбағал гӯед: «Ту он ҷо биист» ё ки: «Ин ҷо, поини пои ман бинишин», —


Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва доду фарьёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст.


Шумо одилро маҳкум намуда, куштед; ӯ ба шумо муқобилат накард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan